"Зани ту буд, зани ман шуд": баҳсҳо атрофи издивоҷи Лоҳутӣ ва ҳамсараш

© Sputnik / Иван Шагин / Гузариш ба медиабонкПисатель Абдулькасим Лахути (справа) беседует с народным акыном на I съезде писателей. Архивное фото
Писатель Абдулькасим Лахути (справа) беседует с народным акыном на I съезде писателей. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар арафаи таҷлили 133-умин зодрӯзи яке аз асосгузорони адабиёти муосири тоҷик Абулқосим Лоҳутӣ байни рӯзноманигорону адабиётшиносони тоҷик дубора баҳси ҳаёти шоир ба миён омад

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Чанд сол пеш корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ-ҳаводорони адабиёт дар атрофи як васияти Лоҳутӣ дар бораи интиқоли қабраш баҳсеро ороста буданд. 

Имсол дар арафаи зодрӯзи 133-умини устод Абулқосим Лоҳутӣ, яке аз асосгузорони адабиёти муосири тоҷик баҳс дар атрофи зиндагии шахсии шоир дубора гарм шуд.

Даргузашти Гев Лоҳутӣ - писари Абулқосим Лоҳутӣ дар Маскав

Одили Нозир, рӯзноманигори тоҷик дар навиштае аз издивоҷи ду донишманд Абулқосим Лоҳутӣ ва ҳамсараш Ситсилиябону (ё Сесилия Бону ҳам менависад. Номи аслиаш Бенсионовна Хейфитс будааст - идора) гуфтааст.

Ба иттилое гӯё, Абулқосим Лоҳутӣ дар вақташ зани замоне Кумитаи радиои Тоҷикистон Сайдалӣ Бурҳоновро "рабудаву", гуфта будааст, ки "Зани ту буд, зани ман шуд".

"Шавҳари аввали Бону Сайдалӣ Бурҳонов ном дошта, рӯзноманигор ва муддате раиси Кумитаи радиои Тоҷикистон будааст. Баъид нест, ки Сесилия Бонуро маҳз ӯ ба Самарқанд оварда бошад, зеро Бону дар ягон мактаби олӣ таҳсил накарда, курси шарқшиносиро мехонд”, - менависад рӯзноманигор.

Ба навиштаи “Оила” соли 1930 гӯё Лоҳутӣ дар Сталинобод кор мекардаасту як мошиннависи босавод лозим мешавад ва С. Бурҳонов хизмати занашро пешниҳод мекунад, ки чопгари хуб буд. Дар вақти ин ҳамкорӣ онҳо тақдирашонро ба ҳам мепайванданд, ва Лоҳутӣ бо телефон ба Бурҳонов мегӯяд: “Зани ту буд, зани ман шуд.

Як қаҳрамон дар се кишвар: саргузашти Абулқосим Лоҳутӣ – навор

Вай меафзояд, "вале санаи вуқӯи ин ҳодиса ғалат аст. Вале издивоҷи ӯ бо Бурҳонов ҳақиқат. Бону ҳатто насаби Бурҳоновро гирифтааст. Далели ин китобест, ки соли 1934 чоп шудааст. Дар китоби "Лаути. Загадка. Сталинабад, 1934" омадааст: "перевод с персидского Бону Бурханова!". Аз ин издивоҷ Бону духтар доштааст, ки Атия ном дорад".

© Facebook / Одил НазирАбулькасим Ахмедзаде Лахути
Зани ту буд, зани ман шуд: баҳсҳо атрофи издивоҷи Лоҳутӣ ва ҳамсараш - Sputnik Тоҷикистон
Абулькасим Ахмедзаде Лахути

Ба навиштаи вай, шиносоии нахустини Бону бо Лоҳутӣ ғоибона тариқи китоби “Адабиёти Сурх” соли 1928 дар ҳафтдаҳсолагии ӯ иттифоқ меафтад. Бори дуввум Бону соли 1929 Лоҳутиро дар хонаи устод Садриддин Айнӣ дар Самарқанд мебинад, вале бо Лоҳутӣ ҷуръати мулоқот накарда, мегурезад.

"Вале бори сеюм мулоқоти Бону бо Лоҳутӣ дар Маскав дар Нашриёти марказии халқҳои ИҶШС соли 1930 иттифоқ меафтад, ки он тақдири ҳардуро ҳал мекунад. Бону дар ин сол барои кор ба нашриёт омада буд ва “Аз ин омӯзиш ва ҳамкорӣ, – менависад Бону – дӯстии мустаҳкам тавлид шуд, ки барои тамоми умр боқӣ монд.” (Ёддошти мухтасар). Ҳамин тавр, соли 1930 риштаи тақдирро ба ҳам мепайванданд, вале баъди тавлиди се фарзанд ба хонаи ақди никоҳ мераванд. Яъне ҳангоми оғоз кардани ҳаёти якҷоя Бону 19 сола буд".

"Зиндагии шахсии Бону барои мо он қадар муҳим нест, муҳим он аст, ки ӯ корҳои мондагоре кард, ки барои муаррифии миллати мо, адабиёту фарҳанги мо мусоидат кард. Рӯҳаш шод бод!", - менависад дар фарҷом рӯзноманигор.

Васияти гумшудаи шоир: Оромгоҳи устод Лоҳутиро ба Тоҷикистон барем?

Ӯ таъкид кардааст, ки ин ҷанбаи зиндагии устод Лоҳутӣ таҳлилу таҳқиқ чуқуреро мехоҳад.

Лентаи хабарҳо
0