Беш аз 47 дарсади мардуми Афғонистон зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд

© Sputnik Уровень бедности в Афганистане составляет в среднем 35,8%
Уровень бедности в Афганистане составляет в среднем 35,8% - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ахиран мақомоти Афғонистон эълон кардааст, ки 90 дарсад аз мардуми ин кишвар бо даромад рӯзонаи 2 долларӣ зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 8 дек - Sputnik. Ҳасибуллоҳ Муваҳҳидӣ, муовини идораи омори Афғонистон ахиран эълон кард, ки беш аз 47 дарсади мардуми Афғонистони зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд, ки ин рақам чаҳор соли пеш 54 дарсадро ташкил медод, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон дар истинод ба хабаргузории Ово.

Мальчик едет на осле в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон
Вируси корона мизони фақр дар Афғонистонро афзоиш дод

Ҳасибуллоҳ Муваҳҳидӣ афзуд, мизони фақр дар Кобул ҳудуди 14 дарсад ва дар Бодғис 85 дарсад эълом шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ахиран гуфта буд, 90 дарсад аз мардуми ин кишвар бо даромад рӯзонаи 2 долларӣ зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд.

Бонки ҷаҳонӣ ҳам дар гузориши ҷадиди худ эълом кардааст фақр дар Афғонистони бар асари ҳамагирии вируси корона 72 дарсад афзоиш ёфтааст.

 Бар асоси ин гузориш ҳудуди 15 миллион афғон аз назари иқтисодӣ осебпазир ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0