Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Авохири моҳи декабри соли 2020 мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Марги як тоҷикистонии дигар аз коронавирус таъйид шуд: омори вазорат

© AP / Esteban FelixГробы с умершими от заражения вирусом
Гробы с умершими от заражения вирусом - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори як шабонарӯзи ахир аз сирояту фавт ва шифоёбӣ аз маризии коронавирусро нашр намуд

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон аз маризии сироятии коронавирус як нафар ҷон аз даст дод. Ҳоло теъдоди умумии қурбониёни ин дард ба 88 нафар баробар шудааст.

Жители Узбекистана в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати беҳдошти Ӯзбекистон: аз мавҷи дуюми коронавирус роҳи гурез нест

Зимнан, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 42 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардид. Ҳамакнун теъдоди умумии гирифторони коронавирус дар мамлакат ба 12511 нафар баробар шуд.

Ҳамзамон, дар як шабонарӯзи охир 45 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон 11926 нафарро ташкил медиҳад.

Беш аз 2,5 ҳазор донишҷӯи тиб дар Белорус алайҳи коронавирус дар набарданд - навор

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти бемории мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала