Сафари Ҳаҷҷи умра аз январи 2021 шурӯъ мешавад

© © Sputnik / Амир ИсаевРодственники провожают паломников в хадж
Родственники провожают паломников в хадж - Sputnik Тоҷикистон
Сафари шаҳрвандони Тоҷикистон, барои адои Ҳаҷҷи умра то моҳи январи соли 2021 ба таъхир гузошта шудааст

ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Масъулони ширкатҳое, ки ба сафарбаркунии сокинони кишвар барои зиёрати Ҳаҷҷи умра муҷаввиз доранд гуфтанд, ки сафари шаҳрвандон то нимаҳои аввали моҳи январи соли 2021 мутаваққиф шудааст.

Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти мансабдори ҳукумати Бохтар: 80 ҳазор сомонии Собировро гирифту Ҳаҷ нафиристод

Пештар гуфта мешуд, ки сафари нахустин гурӯҳи сокинон барои зиёрати шаҳрҳои муқаддаси Ислом Маккаи Мукаррама ва Мадинаи Мунаввара дар поёни моҳи ноябр шурӯъ хоҳад шуд.

Абдулмаҷид Зокиров, аз масъулони ширкати сайёҳии "Расулсохтмон" дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, чунин пешниҳоди таъхиргузорӣ аз ҷониби мутасаддиёни кишвари Арабистони Саудӣ сурат гирифтааст.

"Масъулони Вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ пешниҳод кардаанд, ки аз моҳи шашуми солшумории қамарӣ, ки ба охирҳои моҳи январи соли 2021 рост меояд, ба қабули зиёраткунандагон шурӯъ мекунанд. Сабаби то ба ин вақт мутаваққиф гузоштани қабули шаҳрвандонро ба анҷом додани корҳои безарагардонӣ алайҳи пандемияи каронавирус маънидод кардаанд", - гуфт Зокиров.

Ба Каъба нарасед: ҳаҷ дар шароити пандемия чигуна аст? - 10 акс

Намояндаи "Расулсохтмон" гуфт, Вазорати ҳаҷҷи кишвари Арабистон синну соли зиёраткунандаҳоро бо сабаби хуруҷи бемории ҳамагири COVID-19, маҳдуд намуда ва ҳоло танҳо, барои аз 18 то 50 - солаҳо барои сафар ба ин кишвар рухсат дода мешавад.

Дар пайи хуруҷи бемории ҳамагирии коронавирус ва сабти он дар Арабистони Саудӣ, ин кишвар баҳори имсол сафари зоирин ба шаҳрҳои муқаддаси Исломро манъ намуд ва барои аввалин бор, соли ҷорӣ маросими Ҳаҷ баргузор нагардид.

Верующие в мечети аль-Харам в Мекке молятся в священную ночь силы на фоне эпидемии коронавируса  - Sputnik Тоҷикистон
Тедрос дар бораи иҷозаи Ҳаҷ танҳо ба арабистониҳо: мефаҳмем, ки мусалмонон ғамгин шуданд

Баъд аз маҳудудиятҳои чандмоҳа аз "вируси карона" ахиран дар оғози моҳи ноябр Арабистони Саудӣ барои ба ҷо овардани маносики инфиродии Ҳаҷҷи умра руйхати кишварҳоро нашр кард.

Дар феҳристи интишоршуда кишварҳои қораи Осиё, мисли Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Чин, Туркия, Озарбойҷон ва давлати Белорус шомил ҳастанд. Сафарбаркунии сокинони кишвар ба зиёрати ҳаҷҷи умраро ширкатҳои сайёҳии "Расулсохтмон" ва "Ормон" бар уҳда доранд.

Ҳаҷ - 2020 лағв мешавад? Дар Арабистони Саудӣ теъдоди маризони COVID -19 рӯ ба афзоиш аст

Харҷи сафари Ҳаҷҷи умраи дар солҳои пеш 20,5 ҳазор сомонӣ, ё муодили 2,5 ҳазор доллари амрикоӣ ҳисоб мешуд. Аммо масъулини ширкатҳои сайёҳӣ, ҳоло сафари ҳаҷҷи навро эълон накардаанд.

Дар Тоҷикистон ҳамасола ҳазорҳо нафар, барои зиёрати маконҳои муқаддаси Ислом ба кишвари Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала