Cе китоби бадеӣ то оғози имтиҳон: тавсия барои донишҷӯёни ҳуқуқшинос

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкСтуденты на лекции
Студенты на лекции - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино ба як қарори Шӯрои олимони факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, донишҷӯён танҳо пас аз гузаштани санҷиши китобҳои бадеӣ ба имтиҳонҳо роҳ хоҳанд ёфт

ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Ин қарор, ки нусхаашро Sputnik Тоҷикистон дорад, ба хотири баланд бардоштани масъулияти донишҷӯён дар самти омӯзиши адабиёти бадеӣ, таъмини камолоти фарҳанги китобхонӣ, дарёфти истеъдодҳо, огоҳ гардидани ҷавонон аз таъриху адабиёти худу ҷаҳон ва арҷ гузоштан ба арзишҳои бадеӣ содир шудааст. Бино ба он, ҳар як донишҷӯ вазифадор мешавад, ки дар як нимсолаи таҳсил на кам аз 3 китоби бадеӣ хонад, то дар имтиҳон дастгирӣ ёбад.

“Пеш аз оғози имтиҳонҳо аз ҳар як донишҷӯ дар хусуси аз бар намудани адабиёти бадеӣ санҷиш гирифта шуда, баҳогузорӣ карда мешавад”, - омадааст дар қарор.

Дар ҳамин ҳол, ин қарори Шӯрои олимони факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ дар миёни донишҷӯён ва омӯзгорон вокуниши ҳамсон надорад. Иддае аз ин тасмим истиқбол мекунанд, ба хотири он, ки адабиёт дар тарбияи башардӯстии як ҳуқуқшинос амри зарурист.

Министр науки и высшего образования РФ Валерий Фальков - Sputnik Тоҷикистон
Вазири маориф: Русия фақат барои донишҷӯён сарҳадро боз намекунад

Аммо як донишҷӯ ба шарти зикр нашудани номаш ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мутолеаи китобҳои бадеӣ барои донишҷӯи ҳуқуқшинос як сарбории дигар аст, зеро танҳо аз худ кардани адабиёти тахассусӣ вақту энержии зиёд мехоҳад.

“Китобҳои бадеиро филологҳо хонанд, зеро дар корҳои ояндаи онҳо бештар ба кор меояд. Ҳуқуқшинос китобҳои марбут ба касби худро бояд хонад”, - гуфт ӯ.

Раванди Болония

Sputnik Тоҷикистон дар ин робита бо устодон ва садорати факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тамос гирифт. Онҳо дар шарҳи ин тасмим гуфтанд, ки қарори Шӯрои олимони факултаи ҳуқуқшиносӣ дуруст андешида шуда, вобаста ба тақозои замон аст.

Пресс-секретарь Минобразования и науки республики Таджикистан Эхсони Хушбахт - Sputnik Тоҷикистон
Вазорат: донишҷӯён барои напардохтани пули таҳсил хориҷ намешаванд

“Ба гунаи мисол,  низоми нави таҳсил – Раванди Болония дар ҷаҳони муосир маъруфият пайдо кардааст ва он ҳамчун раванди ислоҳоти низоми маориф дар кишвар татбиқ шуда истодааст. Дар раванди низоми Болонӣ донишандӯзии донишҷӯён аз рӯи чанд маҳак – критерия баҳогузорӣ мешавад. Яке аз талаботҳои ин раванд анҷом додани корҳои мустақилона аз ҷониби  донишҷўён буда, ҳамзамон дар баробари риояи талаботҳои ғайритаълимӣ (ҳозир шудан ба дарс, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ, риояи талаботҳои липоспушӣ ва ғайра) дар маҷмуъ баҳогузорӣ мешавад”, - гуфт яке аз устодони факулта.

Раванди Болония ҳамгироӣ ва ҳамоҳангии низомҳои таълими олӣ дар кишварҳои аврупоӣ аст, ки ба ҳадафи эҷоди як минтақаи таълими олии воҳид дар Аврупо июни соли 1999 дар шаҳри Болонияи Италия аз сӯи 28 кишвар поягузорӣ шуд, аммо дари узвият ба кишварҳои дигари ҷаҳонро низ боз кард ва ҳоло 48 кишвар, ба шумули Русия (2003), Украина (2005), Қазоқистон (2010) ва Белорус (2015) ба он пайвастаанд.

“Адабиёт фақат аз филологҳо нест”

Дар садорати факултаи ҳуқуқшиносӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки таваҷҷуҳи аъзои Шӯрои олимони факулта ба он нигаронида шудааст, ки дар қатори дигар критерияҳои холгузорӣ, бахусус дар ҳошияи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”, роҳандозӣ кардани мутолиаи китобҳои бадеӣ кори хубе хоҳад шуд.

ТВ Таджикистан обьявил о коронавирусе в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
COVID -19 дар ҶТ: ниқоб ҳатмӣ, донишҷӯён таътил, гузориши махсуси телевизионӣ - видео

“Масалан, барои ҳуқуқшинос мантиқи фикрронӣ, ғанигардонии фонди луғавӣ, нутқи бурро, санъати сухан, азхудкунии ахлоқи ҳамидаи умумиинсонӣ, маҳорати суханварӣ, бархӯрдорӣ аз осору ашъори адибони ватаниву ҷаҳон хеле зарур аст. Мутолиаи китобҳои бадеӣ фақат кори филологҳо нест, балки тамоми намояндагони касбу кор аст. Ҳоло донишҷӯёни мо дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” ширкат доранд. Хулоса, қарори мо дуруст андешида шуда аст ва бовар дорем, натиҷаҳои хуб дар пай хоҳад дошт. Масъалаи хондани китобҳои бадеӣ асосан ҷабҳаи ҳавасмандкунӣ дошта, ба ҷараёни имтиҳонсупорӣ алоқамандии ногусастанӣ надорад”, - гуфт намояндаи садорати факултети ҳуқуқшиносӣ.

 “Фурӯғи субҳи доноӣ” як озмуни ҷумҳуриявиест, ки бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба хотири рушди суханвариву ошноӣ бо адабиёти тоҷику ҷаҳон миёни хонандагон ва донишҷӯёни мактабҳои миёнаву олӣ роҳандозӣ шуд.

Ҳамин ҳоло дар саросари кишвар Тоҷикистон озмунҳои ноҳиявиву вилоятӣ ба анҷом расида, қарор аст то 15 декабри соли 2020 даври ниҳоии он дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.

Лентаи хабарҳо
0