Беш аз 2,5 ҳазор донишҷӯи тиб дар Белорус алайҳи коронавирус дар набарданд - навор

Дар Белорус ба кумаки табибон донишҷӯёни тиб ҳозир шудаанд. Ҳудуди 2,5 ҳазор донишҷӯ дар мубориза бо коронавирус ба табибон имдод мерасонанд

Бештар аз 2500 донишҷӯёни соҳаи тиб дар Белорус ба табибон дар мубориза бо COVID-19 кӯмак мекунанд; 1100 нафари онҳо донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Беларус мебошанд.

Ученики с родителями во время гимна в первый учебный день в школе в Тегеране  - Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди гирифторони коронавирус дар Эрон аз марзи 1 миллион нафар гузашт

Аксари онҳо бо табибони ботаҷриба дар минтақаи махсуси дармонгоҳҳо барои маризони коронавирус кор мекунанд, теъдоди дигар дар поликлиникаҳо.

Бидуни марг, вале 39 ҳолати нави гирифторшавӣ: омори коронавирус дар Тоҷикистон

Донишҷӯёнро ҳамчун дар марказҳои махсуси тамос  низ ҷой додаанд ва онҳо пайваста бо нафароне, ки маризи коронавирус буда, дар хона табобат мегиранд, дар тамос мешаванд.

Аз ҷумла донишҷӯи бахши 4 - ум Елена Врублевская аз зумрае донишҷӯёне аст, ки дар марказҳои тамос фаъолият мекунад.

"Саҳар соати 8 вориди кор мешавем ва нахуст варақае, ки дар он нафарони маризи коронавирус номнавис шудаанд, бо онҳо дар тамос мешавем", - изҳор дошт Елена.

Ёдовар мешавем, ки феълан дар Белорус 148 953 гирифтори маризии коронавирус сабти ном шудаанд.

Аз замони авҷи ин маризӣ 1215 нафар фавтида, ҳамчунин 126 084 нафар шифо ёфтанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала