Комаровский роҳи қавӣ намудани масуният дар замони пандемияро гуфт

© REUTERS / Ahmed YosriЖенщина во время занятий в тренажерном зале в Саудовской Аравии
Женщина во время занятий в тренажерном зале в Саудовской Аравии  - Sputnik Тоҷикистон
Ба изҳори Комаровский ҳамаи доруҳое, ки гӯё масунияти инсонро пурзӯр мекунанд, танҳо тиҷорати соҳибкорон бо истифода аз бесаводии мардум аст

ДУШАНБЕ,  10 дек — Sputnik. Пешбурди тарзи ҳаёти солим ягона роҳест, ки масунияти инсонро қавӣ мегардонад, изҳор дошт пизишк ва муҷрии барномаҳои телевизионӣ Евгений Комаровский дар шабакаи YouTube.

Ташхиси ниҳоии ихтиёриён натиҷаи хуб дод: онҳо алайҳи коронавирус масуният доранд - навор

Пизишк бар ин назар аст, ки дар масъалаи қавӣ намудани масунияти инсон, одамон маблағи ҳангуфт кор мекунанд. Ӯ мегӯяд шадидан муқобили хӯрондани кӯдакон бо ин нав доруҳои "бардурӯғ" аст.

"Ягон воситаи фармакологӣ барои баланд бардоштани масуният вуҷуд надорад. Ҳамаи доруҳое, ки гӯё барои қавӣ намудани масуният мавҷуданд, дуруғ ва "фуфломитсинҳо" мебошанд, ки бо сӯистифода аз бесаводии мардум, тиҷорати соҳибкорон рушд мекунад. Ин доруҳо танҳо ба нафароне фоидаоваранд, ки онҳоро истеҳсол ва ба фурӯш мебароранд", - таъкид намуд Комаровский.

Пизишки рус мегӯяд, ягона роҳе, ки масунияти инсонро баланд мекунад, ин пеш бурдани тарзи ҳаёти солим аст: тамрини ҷисмонӣ, сайругашт дар ҳавои кушод ва ҳамчунин доштани таби хуш.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала