Туман ғафс буду хати сабз дида нашуд: нишасти изтирории се ҳавопаймо аз Русия ба Хуҷанд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкСамолет компаний Somon Air в аэропорту Домодедово
Самолет компаний Somon Air в аэропорту Домодедово - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаби гузашта се парвози чартерии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба ҷойи шаҳри Душанбе дар Хуҷанд нишаст

ДУШАНБЕ,  10 дек — Sputnik.  Ин се парвози чартерии “Сомон Эйр” аз самти Сургут, Маскав ва Новосибирск буданд ва мебоист дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишинанд, аммо бинобар вазъи ногувори боду ҳаво натавонистанд.

Нишасти изтирории се ҳавопаймои "Сомон Эйр" дар Хуҷанд

Юсуф Маюнусов, котиби матбуоти Фурудгоҳи Хуҷанд дар шарҳи ин ҳолат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, се тайёраи ширкат соати 2-и шаб фуруд омад.

“Вақти вориди Тоҷикистон шудан ба халабонҳо хабар медиҳанд, ки дар Душанбе имкони нишастан нест, зеро тумани ғафс шаҳрро фаро гирифтааст, бинобар ин онҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд нишастанд”, - гуфт, Юсуф Маюнусов.

Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
 Маълум шуд, “Сомон Эйр” моҳи декабр ба Белорусия чанд парвоз анҷом медиҳад

Ба иттилои манбаъ, дар ҳолатҳои гирифтани туман бояд масофаи биниш 150 метр бошад, вагарна иҷозаи нишаст дода намешавад.

Ӯзбекистон парвозҳоро бо Аврупо ва дигар кишварҳо аз сар мегирад: рӯйхат

Ба гуфтаи ӯ дар ҳолати шаби гузашта ин нишондод ҳатто 10 метр ҳам набудааст ва бо ин сабаб на хатти сабз намудор буду на дигар нишонаҳо барои фуруд омадан.

Ӯ гуфт, ҳавопаймоҳо ҳоло дар фурудгоҳи Хуҷанд қарор доранд ва ҳамин, ки аз Душанбе оид ба беҳ шудани ҳаво хабар расид, дубора ба пойтахт бармегарданд.

Лентаи хабарҳо
0