Меғ мефарояд: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© Sputnik Амир ИсаевТуман в Душанбе 28 ноября
Туман в Душанбе 28 ноября - Sputnik Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво  абрнок ва тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik.  Бино ба гузориши Ожонсии ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа сард мешавад. Рӯзона ҳаво 2+3 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 14-19 дараҷа хунук ва рӯзона 4-9  дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
То -20 дараҷа сардӣ ва барф: пешгӯии ҳавошиносон барои ҳафтаи нав

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа  хунук ва рӯзона аз 2  дараҷа хунук то 3 дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук  ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4  дараҷа гарм мешавад.

Ҳушдори КҲФ: эълони ҳавои номусоид давоми чор рӯзи оянда

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок  ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0-5 дараҷа хунуква рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 3-5 дараҷа хунук  ва рӯзона  5+7  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала