Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Роҳ банд: Белорус гузаргоҳҳои заминиро мебандад

© пресс-служба правительства КыргызстанаВышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области.
Вышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳҳои мошингард, оҳан ва роҳҳои обии Белорус аз 20 декабр баста хоҳад шуд. Вале ҳолати истисно ҳам ҳаст

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Тибқи як қарори ҳукумат, мақомоти Белорус тасмим гирифтаанд, гузаргоҳҳои заминиро барои вуруд ва баромадан бибанданд.

Пробирка с тестом на коронавирус в руках - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Белорус дар мубориза бо коронавирус ҳамкорӣ мекунанд

Ҳамин тавр, на танҳо шаҳрвандони ҷумҳурӣ, балки хориҷиёне, ки дорои иҷозаи иқомати доимӣ ё муваққатӣ ҳастанд, наметавонанд сарҳадро убур кунанд.

Ин чораҳо дар робита ба пешгирии паҳншавии коронавирус дар Белорус андешида шудаанд.

Беш аз 2,5 ҳазор донишҷӯи тиб дар Белорус алайҳи коронавирус дар набарданд - навор

Фармон пас аз 10 рӯз эътибор пайдо мекунад ва ба гузаргоҳҳои марзии роҳи автомобилгард, роҳи оҳан ва дарё дахл дорад.

Ҳолатҳои истисноӣ низ вуҷуд дорад. Масалан, вақте ки раиси Кумитаи сарҳадии давлатӣ дар бораи иҷозати баромадан қарор қабул мекунад, ки чунин ҳолатҳо метавонад ба манфиатҳи миллии кишвар ё ҳолатҳои фавқулодда вобаста бошад.

Ёдовар мешавем, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши коронавирус вуруди шаҳрвандони хориҷӣ аз 1 ноябр ба Белорус манъ карда шуд. Сарҳади заминии кишварро ҳамчунин аз Латвия, Литва, Лаҳистон ва Украина убур кардан мумкин нест.

Кумитаи давлатии марзбонии ҷумҳурӣ ба сокинон тавсия додааст, ки аз сафар ба хориҷа худдорӣ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0