Таъйиноти кадрӣ: 37 сола, ҷангалбони №1-и Суғд кист?

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийПустое кресло
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон
Бо фармони Исматзода Азизулло Убайдулло, Ҳоҷизода Насимҷон Шарифӣ, директори муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд таъйин шудааст

ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Манобеъ аз ҳукумати вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ин таъйиноти кадрӣ дирӯз сурат гирифтааст.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Мансабҳои нави Шодмонбекзода, Исматзода ва Юсуфзода: тағйирот бо 6 қарори ҳукумат

Исматзода Азизулло Убайдулло, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судури фармон, Ҳоҷизода Насимҷон Шарифиро директори муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали Суғд таъйин намудааст.

“Имрӯз маросими муаррифии Ҳоҷизода, директори нави хоҷагии Суғд бо иштироки намояндагони сохторҳои ҳукумати вилоят масъулини соҳа баргузор гардидд”,- гуфт манбаъ.

Хоҷизода Насимҷон Шарифӣ 13 июли соли 1983 дар деҳаи Рӯмони ҷамоати Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст.

Ӯ соли 2006, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2007 дар мақомоти прокуратура шуруъ намудааст.

То соли 2013 дар вазифаҳои мухталифи мақомоти прокуратура дар шаҳру ноҳияҳои Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Кӯҳистони Мастчоҳ фаъолият намудааст.

Рушди қутоспарварӣ: аз ВМКБ ба Шаҳристон 10 сар қутос бурданд

То соли 2015, ҳудуди ду сол сардори шуъбаи назоратӣ оиди қонунӣ будани санадҳои судӣ ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар прокуратураи вилояти Суғд кор кардааст.

Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: барканории Акрамзода аз раҳбарии ноҳияи Рӯдакӣ ва мансаби нави Исматзода

Шурӯъ аз моҳи августи соли 2015 то феврали соли 2018 муовини ширкати “Фараҳ” буд.

Аз моҳи январи соли 2019 то ин ҷониб муовини якуми директори Корхона давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият мекард.

Марти соли ҷорӣ аз ҳавзаи интихоботии Баҳористон № 15 и ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҲХДТ вакили ноҳиявӣ интихоб шудааст.

Санаи 9 декабри соли ҷорӣ бо фармони Исматзода Азизулло, Ҳоҷизода Насимҷон Шарифӣ директори муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд таъйин гардид.

Ҷангал бесоҳиб нест: дар вилояти Хатлон дар ёздаҳ моҳ 655 қонуншиканӣ ошкор шуд

Дар ин мақоми вазифавӣ Хоҷизода ҷойи Олимбек Юлдошзодаро иваз намуд, ки ахирӣ чанде пеш сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд таъин шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала