Кашфи муштараки олимони тоҷику эронӣ ва фойидаи чандҳазордолларии он

© Sputnik / Фахриддин ХолбековАлимуҳаммад Холов, мудири лабораторияи Пажӯҳишгоҳи физикаву техникаи ба номи Султон Умарови Академияи улуми Тоҷикистон
Алимуҳаммад Холов, мудири лабораторияи Пажӯҳишгоҳи физикаву техникаи ба номи Султон Умарови Академияи улуми Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як ширкати эронӣ кашфи муштараки олимони тоҷику эрониро вориди истеҳсолот намудаааст. Оидоти иқтисодии он то 100 ҳазор доллар ҳисоб шудааст

ДУШАНБЕ, 11 дек – Sputnik. Алимуҳаммад Холов, мудири лабораторияи Пажӯҳишгоҳи физикаву техникаи ба номи Султон Умарови Академияи улуми Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рӯи ин кашфиёт ӯву ҳамкораш Ҳикмат Муъминов ва унвонҷӯи эронӣ Аҳмад Зотии Рустамӣ ҳудуди як сол кор карда, тариқи ахирӣ ба ширкати Petro Sadid Khazar – и Эрон пешниҳод намудаанд.

"Санади татбиқи корбурдии он аз сӯи мудири омили ин ширкат ба мо ирсол шуд, ки дар он гуфта мешавад, сулулҳои хуршедии наносохтори силикони карбид, ки аз сӯи мо пешниҳод карда шудааст, дар ширкати Петро Садид Хазар мавриди истифода қарор мегирад, ки ҳангоми татбиқ дар ширкат бо арзёбии мутахассисин то яксад ҳазор доллар солона фоидаи иқтисодӣ дорад", - гуфт Алимуҳаммад Холов.

Petro Sadid Khazar як ширкати истеҳсол ва хизматрасониҳои обкашҳо, гулҳои сих (арматурҳо), дегҳои бухор ва асбобҳои гармидиҳанда, қисмҳои эҳтиётии нафту газ ва ғайра аст, ки дар шаҳри Сорӣ, маркази устони Мозандарони Эрон фаъолият мекунад.

Пилорама, обработка дерева  - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон “Арактор” ихтироъ кард : мошини ҳайратовар ва бурранда -видео

Олими тоҷик мегӯяд, маводе, ки дар ҳамкори бо олими эронӣ ҳосил шудааст, карбиди силитсий ном дорад ва барои зиёдтар барқ ҳосил кардани панелҳои офтобӣ ёрӣ мерасонад.

"Карбиди силитсий, яъне ҳам силитсий ва ҳам карбон якҷояанд. Мо бо усулҳои нанотехнологӣ маводеро, ки дар 2700 дараҷаи гармӣ ҳосил мешавад, дар 65 дараҷаи гармӣ ба даст овардем. Агар хокаи карбиди силитсий, ба гунаи мисол, дар шишаи тирезаи манзил ҷой карда шавад, тариқи сим ва аккумулятор метавон ба хона рӯшноӣ дод", - гуфт Алимуҳаммад Холов.

Донишҷӯёни тоҷик велоэлектрогенератор ихтироъ карданд

Ба қавли олими тоҷик, Аҳмад Зотии Рустамӣ, як унвонҷӯи эронӣ буд, ки чанд соли пеш ба Пажӯҳишгоҳи физикаву техника омада, ҳоло ба Эрон баргаштааст ва дар яке аз тамосҳо гуфт, ки пас аз хатми мушкили "вируси корона" ба Душанбе хоҳад омад ва як боғи технологиро роҳандозӣ хоҳанд кард, ки барои чароғонии он аз кашфи муштараки мо кор гирифта хоҳад шуд.

Школьники. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Наврасони хуҷандӣ киштиҳои кайҳонпаймо ва дарёпаймои ояндаро ихтироъ карданд

"Мо кашфиёти зиёд дорем ва боз метавонем бо усулҳои нанотехнология кашфиётҳои нав кунем, аммо муҳим заминаи амалисозии онҳо дар истеҳсолот аст. Агар дар кишвари мо чунин шароит фароҳам шаванд, ин кашфиёт ҳам ба иқтисод ва ҳам некӯаҳволии мардум асаргузор хоҳанд буд", - гуфт Алимуҳаммад Холов.

Пажӯҳишгоҳи физикаву техникаи ба номи Султон Умарови Академияи улуми Тоҷикистон соли 1957 таъсис ёфта, бо пажӯҳишҳодар соҳаи физикаи ядроӣ, оптика ва электируникаи квантӣ, акустикаи физикӣ ва техникӣ, мушкилоти физикӣ ва техникии энергия, физикаи атмосфера, корбурди равишҳои таҳқиқи физикӣ дар тиб ва ғайра машғул аст.

То кунун чеҳраҳои маъруфи илми физикаи Тоҷикистон академикҳо Адҳам Адҳамов, Раҳим Марупов, Саидмуҳаммад Одинаев, Ҳикмат Муъминов ва дигарон раҳбарӣ кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0