Чеченистонро заминҷунбӣ такон дод - навор

Обуна шудан
Ларзишро ҳам дар Чеченистон ва ҳам дар минтақаҳои ҳамсоя - Доғистон, Ингушетия, Осетияи Шимолӣ эҳсос кардаанд

Шаби якшанбе дар Чеченистон заминҷунбӣ рух дод. Ларзишҳо бо шиддати 5,6 балл пас аз нисфи шаб (ба вақти Маскав) ба қайд гирифта шуданд.

"Соати 00.30 заминҷунбии бо қувваи 5,6 дараҷа дар умқи 27 километр рух дод. Маркази заминларза дар минтақаи Урус-Мартан сар задааст", - иттилоъ додааст хадамоти матбуоти раёсати минтақавии вазорати ҳолатҳои фавқулодда дар Чеченистон.

Ларзиш якчанд сония давом карда, онро сокинони биноҳои истиқоматии Грозни ҳам эҳсос карданд.

Тавре сокинони Чеченистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳанд, ҷунбиши замин ҳатто дар ошёнаҳои аввал эҳсос мешуданд.

Лентаи хабарҳо
0