Ду бозигари шинохтаи "Хатлон" ва "Истиқлол" ба Ӯзбекистон ва Малайзия мераванд

© ФФТШериддин Бобоев, ҳамлагари тими миллии Тоҷикистон
Шериддин Бобоев, ҳамлагари тими миллии Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
Ду бозигари  шинохтаи мунтахаби кишвар Шериддин Бозоров аз “Истиқлол” ва Умарҷон Шарипов аз “Хатлон” мавсими ояндаро дар қаҳрамониҳои Ӯзбекистон ва Малайзия сипарӣ хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон ниммуҳофизатгари тими миллии кишвар ва сарвони дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар - Умарҷон Шарипов ба дастаи "Турон"-и шаҳри Яйпани вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон гузашт.

18-летний игрок национальной и молодежной сборных Таджикистана Ислом Зоиров - Sputnik Тоҷикистон
Футболбози ҷавони тоҷик Ислом Зоиров имкон дорад бозигари “Химки” -и Русия шавад

Ба иттилои манбаъ, дастаи нави Умарҷон Шарипов дар Суперлигаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баромад карда, мавсими гузашта қаҳрамони про-лигаи Ӯзбекистон гардида буд.

Дар бораи маблағи гузариши бозигар иттилоъ дода нашудааст.

Гуфта мешавад, ҳамзамон ҳамлагари тими миллии Тоҷикистон ва "Истиқлол" -и Душанбе Шериддин Бобоеви 21-сола низ корномаи варзишияшпро дар бошгоҳи футболи "Пенанг", ки дар суперлигаи Малайзия баромад мекунад, идома медиҳад.

Шериддин Бобоев дар як навиштааш дар сафҳаи  Инстаграмаш тасдиқ кард, ки барои бастани шартнома ба наздикӣ ба Малайзия хоҳад рафт.

Виталий Левченко беҳтарин мураббии футбол дар Тоҷикистон дониста шуд

Ӯ бо изҳори ташаккур аз ҳама нафароне, ки барои расидан ба ин зина гуфтааст, акнун вақти он расид, ки аз хона бояд берун рафт ва даъвати дигарро қабул кард.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала