Раиси Хуҷанд хост, нерӯи барқ сарфакорона истифода шавад

© Sputnik Фирдавс Шарифзода, новый руководитель города Хучанд
Фирдавс Шарифзода, новый руководитель города Хучанд - Sputnik Тоҷикистон
Фирдавс Шарифзода, раиси Хуҷанд бо мақомдорону фаъолони шаҳр ҷаласа баргузор карда, масъалаи сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқро ба миён гузошт

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи шаҳрдории Хуҷанд, Фирдавс Шарифзода аз муроҷиатномаи "Барқи тоҷик" зикр намуда, раисони кумитаи маҳаллаҳоро муваззаф кард, ки дар самти сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ корҳои фаҳмондадиҳиро бо аҳолӣ пурзӯр намоянд.

Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Барқи Тоҷик" аз мардум узр хост: аз фардо лимит бардошта мешавад

Шаҳрдор таъкид кардааст, ки бояд ба истифодаи оқилонаву сарфакорона ва мақсадноки нерӯи барқ дар ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликият, эътибори ниҳоят ҷиддӣ ва аввалиндараҷа дода шавад.

Манбаъ афзуд, истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он кӯшиш намоянд.

Фармони Раҳмон: нархи неруи барқ, об ва алоқа то охири соли 2020 баланд намешавад

Инчунин шаҳрдории Хуҷанд барои таҳкими ободкориҳо ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дастур дода, хостори зиёд кардани ҳашарҳо шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала