Коршинос: Ӯзбекистон ба Тоҷикистон кумак мекунад, то бо ИИАО ҳамкор шавад

© Sputnik / Дильшода РахматоваБизнес-посол "Деловой России", экспортный торговый советник АО "Российский Экспортный Центр" Михаил Панченков
Бизнес-посол Деловой России, экспортный торговый советник АО Российский Экспортный Центр Михаил Панченков - Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи тиҷории "Деловая Россия" Михаил Панченков шарҳ дод, ки оё Тоҷикистон пас аз Ӯзбекистон дар ИИАО нозир мешавад?

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Ӯзбекистон нозири Иттиҳоди Иқтисоди АвруОсиё гардид. Қарори мазкур дар нишасти охири иттиҳод қабул гардид.

Ба гуфти Намояндаи тиҷории "Деловая Россия" Михаил Панченков мавқеи нави Ӯзбекистон ба Тоҷикистон барои таҳкими муносибот бо Русия ва дигар кишварҳои ИИАО кумак мекунад.

"Агар кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон бубинанд ва онҳо аллакай бурди ҳамкорӣ бо Русия ва ИИАО - ро дида истодаанд, онҳо низ ҳамингуна ин ҷо меоянд ва Тоҷикистон низ истисно нест", - қайд кард ӯ.

Панченков қайд кард, ки кишварҳои Иттиҳод чун Русия хостори ба роҳ мондани муносиботи хуб бо кишварҳои ҳамсоя ҳастанд. 

Доиншкадаи давлатии санъати Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Таҳлилгар: Чин монеаи вуруди Тоҷикистон ба ИИАО мешавад

Тоҷикистонро дар ИИАО чӣ интизор аст?

"Мо умумияти зиёд ва арзишҳои бисёри таърихӣ дорем", - изҳор дошт ӯ.

Дар охир коршинос қайд кард, ки муносибати миёни кишварҳо албатта рушд хоҳад кард.

Бозори озуқавории Осиёи Марказӣ бояд ИИАО-ро танзим кунад

"Ин ҷо ман фикр мекунам қадам ба пеш гузошта мешавад. Мо ба ин чиз манфиатдор ҳастем ва ҷониби Тоҷикистон ҳам. Тоҷикистон ҳамаи ин тамоюлҳоро мушоҳида карда ба ҷониби рушди муносибот ҳаракат мекунад", - хулоса кард Панченков.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала