“Аждаҳои ришва” дар Исфара ба даст афтод: боздошти ду нафар ба иттиҳоми гирифтани пора

© SputnikБоздошти раиси яке аз ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Исфара бо иттиҳоми порагирӣ
Боздошти раиси яке аз ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Исфара бо иттиҳоми порагирӣ - Sputnik Тоҷикистон
 Бино ба иттилои дарёфтӣ, раиси яке аз ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Исфара бо як ҳамдасташ ба иттиҳоми гирифтани ришват ба маблағи 4 ҳазор доллари ИМА боздошт шуд

ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Як манбаъи огоҳ аз ин боздошт ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рӯзи 15 декабри соли равон кормандони прокуратураи шаҳри Исфара М.М., раиси яке аз ҷамоатҳои деҳот ва Р., як корманди кооперативи тиҷоратии “Суфро Боқиева” – и шаҳри Исфараро боздошт намудаанд.

Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мудир боздошт шуд: 49 300 сомонӣ пора гирифту ба Донишгоҳи тиббӣ дохил накард

“Ин ду нафар, тибқи маслиҳати пешакӣ, аз як устои чӯбтароши 60 - сола барои имзову муҳри протоколи ҷудо намудани қитъаи замин барои лоиҳа ва сохтмони корхонаи кордсозӣ, маводи ороишӣ аз чӯбу тахта ва мағоза барои фурӯши маҳсулоти тайёр 5 ҳазор доллари ИМА ҳамчун пора талаб намудаанд”, - гуфт ин манбаъ.

Тибқи фармони президенти Тоҷикистон аз 2 январи соли 2019 (№1170) “Дар бораи солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани солҳои 2019 – 2021” масъулини ҷамоату шаҳракҳо ӯҳдадор карда шудаанд, ки ҷиҳати амалӣ намудани фармони мазкур чораҳои судманд андешанд.

Манбаъи Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди он ки устои чӯбтарош аз М.М., раиси ҷамоати деҳот, бисёр хоҳиш менамояд, ки азбаски писараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст, имконияти додани 5 ҳазор долларро надорад, балки метавонад 3 ҳазор доллар диҳад, ӯ розӣ намешавад.

Боздошти полковники Оҷонсии зидди фасод аз сӯи КДАМ барои гирифтани пора

“М.М. исрор мекунад, ки агар 5 ҳазор доллари Амрико надиҳад, корашро буд намекунад. М.М, ва ҳамдасташ Р., ҳангоми гирифтани 4 ҳазор доллар пора дар утоқи кории раиси ҷамоати деҳоти Шаҳраки шаҳри Исфара дастгир гардида, кормандони прокуратура аз онҳо 4 ҳазор доллари ИМА – ро ҳамчун далели шайъӣ гирифтаанд”, - гуфт манбаъ.

Ин манбаъ аз эҳтимол дур намедонад, ки дигар нафарон низ ба доми М.М., ва ҳамдастонаш афтода бошанд. “Бино ба иттилои пешакӣ, ки тафсилоташ ҳанӯз ба даст наомадааст, ӯ ба заминфурӯшӣ машғул буда, ҳамчун “аждаҳои ришва” маблағҳои калонро аз қурбониёнаш талаб мекардааст”, - гуфт манбаъ.

Бино ба ин манбаъ, прокуроратураи шаҳри Исфара нисбати онҳо бо моддаи 319 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – гирифтани пора - парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала