Баъд аз Путин Раҳмон ҳам Байденро табрик кард

© Sputnik / Михаил Фомичев / Гузариш ба медиабонкДжо Байден
Джо Байден  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷо Байден барқияи табрикӣ ирсол кард

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти расиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи табрикотиаш Ҷо Байденро ба муносибати интихоб гардиданаш ба сифати Президенти Амрико сидқан табрику таҳният гуфта, хостори тақвияти ҳамкориҳо шудааст.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба ҳакамони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”: одилонаву воқеъбинона баҳогузорӣ кунед

“Тоҷикистон таҳкиму тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи шарикӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ медонад ва сатҳи имрӯзаву муҳтавои амалии онҳоро баланд арзёбӣ менамояд”. – таъкид доштааст раисҷумҳури Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд: “бо истифода аз фурсати муносиб изҳори умед менамоям, ки дар давраи фаъолияти Шумо дар маснади олии Роҳбари Иёлоти Муттаҳидаи Америка мо ҳамкориҳои судманди байни кишварҳоямонро дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн рушди боз ҳам бештар хоҳем дод”.

Президенти Тоҷикистон иброз кардааст, ки ҷониби Тоҷикистон барои саъйю талошҳои муштарак дар ин ҷода ва идомаи муколамаи созанда байни ду давлат дар ҳамаи сатҳҳо омодааст.

Дар охири барқияи табрикоти раисҷумҳури Тоҷикистон навиштааст: “бо камоли самимият ба Шумо сиҳатии бардавому саодатмандӣ ва дар фаъолияти сермасъули минбаъдаатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти кишвари Шумо сулҳу субот ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш таманно дорам”.

Лентаи хабарҳо
0