Раҳмон ба ҳакамони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”: одилонаву воқеъбинона баҳогузорӣ кунед

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар машварати кории имрӯза, ки дар Қасри миллат баргузор шуд, аз ҳакамони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, талаб кард, ки ин чорабинӣ бояд бо тартиби муайяншуда ва одилонаву воқеъбинона ҷамъбаст гардад

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳайати ҳакамон хост ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Соли 2021 вазнин меояд: дастури Раҳмон барои гурусна намондани мардуми Тоҷикистон

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар кишвар даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”, ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти кишвар ташкил гардид, ва ба кашфи истеъдодҳо мусоидат мекунад, ҷараён дорад.

Роҳбари Тоҷикистон инчунин, таъкид кард, ки ширкаткунандагону ғолибони озмун бояд аз ҷониби раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳавасманд гардонида шаванд.

Ёдрас мешавем, ки озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" имсол барои дувумин бор аст, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Бори аввал ин озмун соли гузашта доир шуда буд. Ин озмун аз моҳи январ то моҳи декабр дар чор давр баргузор мешавад. Дар он хонандагону донишҷӯён ва магистрону аспирантҳову докторантҳо иштирок карда метавонанд.

Ғолибони ин озмун дар чаҳор давр муайян ва аз сӯйи ҳукуматҳои маҳаллӣ қадрдонӣ мешаванд. Ба ғолибони давраи чорум аз ҷониби президент тӯҳфа ва мукофотпулӣ дода мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала