Тимҳои миллии ҷавонону навҷавонони Эрон ба Тоҷикистон меоянд

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкФутбол, архивное фото
Футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тимҳои миллии футболи ҷавонон ва наврасони Эрон чор мусобиқаи тадорукотӣ дар Тоҷикистон баргузор мекунанд

ДУШАНБЕ 15 дек - Sputnik. Раиси комитети ҷавонони Федератсияи футболи Эрон Миршоди Моҷдӣ дар бораи вазъияти урдуи тимҳои футболи пояи ин кишвар гуфт: "Хушбахтона бо ҳимояти ҳамаҷонибаи Федератсияи футбол, барномаи сафари тимҳои навҷавонон ва ҷавонон ба Тоҷикистон қатъӣ шуд ва дар як урдуи муштараки бисёр муфид чаҳор мусобиқаи тадорукотӣ дар пеш хоҳем дошт", иттлоъ додааст радиои Садои Хуросон ба нақл аз торнамоии федератсияи футболи Эрон.

Рақобати мунтахаби футболи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Мунтахаби футболи Тоҷикистон мавқеашро дар рейтинги ФИФА аз даст дод

Ба гуфтаи Моҷдӣ, тимҳои миллии ҷавонону наврасони Эрон аз 21 то 28 декабр дар Тоҷикистон ҳузур хоҳанд дошт.

Тими футболи наврасони Эрон рӯзҳои 23 ва 26 декабр дар шаҳри Душанбе ба меҳмонии тими миллии навҷавонон Тоҷикистон меравад ва тими миллии футболи ҷавонони Эрон низ рӯзҳои 24 ва 27 декабр баробари тими миллии ҷавонони Тоҷикистони қарор мегирад.

Тимҳои миллии футболи наврасони ҷавонони Эрон худро барои рақобатҳои қаҳрамонии Осиё, ки ҳукми интихобии ҷоми ҷаҳониро дорад омода мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0