Маълум шуд “Боғи ҳайвонот”-и нави пойтахт дар куҷо бунёд мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевДушанбинский зоопарк
Душанбинский зоопарк - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар буриши хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе “Боғи ҳайвонот” -и муосир сохта мешавад

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Душанбе  хабар додааст, ки Тибқи лоиҳаи ангоравӣ  “Боғи ҳайвонот”  дар масоҳати 13 гектар бунёд шуда, барои зиёда аз  1500 сар  ҷонвар пешбинӣ гардидааст.

Таъкид шудааст, ки сохтмони ин “Боғи ҳайвонот” -и муосир  он соли 2021 оғоз мегардад.

Зоопарк в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдорӣ ба роҳбарияти “Боғи ҳайвонот”: ба шумо муҳлат камбудиҳоро зуд бартараф кунед

“Дар асоси қарор ва дастуру супоришҳои  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии  пойтахт лоиҳаи ангоравии боғи мазкурро аз рӯи технологияи  муосир ва бо назардошти фикру мулоҳизаҳои мутахассисони аврупоӣ таҳия намудааст",- иттилоъ додааст Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Гуфта шудааст, ки мавзеи  ҷудогардида   барои ташкили ҳама гуна имконияти нигоҳдорӣ, аз ҷумла ҷойгиронии ҳайвонот,  парандаҳо ва хазандаҳо мувофиқ буда, инчунин фароҳам овардани  шароити озоди гашту гузори  ҷонварон, ки талаботи замони муосир мебошад,  ба назар гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол манбаъ қайд кардааст, ки то сохта ба истифода додани боғи нави ҳайвонот, дар “Боғи ҳайвонот”-и амалкунанда низ барои тамошои сокинон тамоми шароит фароҳам оварда мешавад.

“Боғи ҳайвонот”-и шаҳри Душанбе ҳануз соли соли 1960 бунёд гардида, то имрӯз ба таври мунтазам фаъолият мекунад. Ҳоло дар ин макони вуҳуш 135 навъи ҳайвонот бо шумораи умумии 985 сар маскун мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0