"Тағйири рафтори Туркия": Барои чӣ Ғарб Эрдуғонро ҷазо медиҳад?

Муносибати Туркия бо шарикони ғарбӣ бӯҳрони шадидро аз сар мегузаронанд. Иттиҳоди Аврупо алайҳи Анқара барои пармакунӣ дар Баҳри Миёназамин таҳримот ҷорӣ кард

ДУШАНБЕ 16 дек - Sputnik. Галия Ибрагимова. Амрикоиҳо низ фишорро болои Туркия барои хариди системаҳои зиддимушакии Русия афзоиш доданд.  РИА Новости пайгирӣ кард, ки ин иқдом ба вазъияти дохилии НАТО чӣ гуна таъсир мерасонад?

Боздошти Анқара

"Туркия ба таври якҷониба иғвоҳо ташкил мекунад ва лаҳни изҳорот зидди Иттиҳоди Аврупоро шадидтар мекунад. Дар шарқи Баҳри Миёназамин, дар минтақаи истисноии иқтисодии Кипр, Анқара корҳои пармакуниро идома медиҳад, гарчанде ки ин ғайриқонунӣ аст", - изҳор доштанд иштирокдорони ҳамоиши ИА, ки ахиран ба поён расид.

LIVE_СПУТНИК: Россия представила в ООН вакцину от коронавируса Sputnik V - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос муносибати манфии Ғарб бар ваксина “Спутник V”-ро тавзеҳ дод

Барои ҷилавгирӣ  аз фаъолияти Анқара, аврупоиҳо таҳримот алайҳи мансабдорон ва тоҷирони туркро васеъ карданд. Аз ҷумла вуруди онҳо ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо манъ карда шуда, дороиҳояшон дар Аврупо мавриди боздошт қарор гирифтанд.

Жозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии ИА бояд маҳдудиятҳои иловагиро таҳия кунад. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон инчунин даъват дорад, ки на танҳо нақши Анқараро дар умури Аврупо бознигарӣ кунанд, балки нуфузи Туркияро дар Либия, Сурия ва Қарабоғи Кӯҳӣ низ таҳлил кунад. Хулосаҳо дар гузорише пешниҳод карда мешаванд, ки моҳи март баррасӣ хоҳад шуд.

Аввалин таҳримоти зидди Туркия тирамоҳи соли гузашта эълон шуда буд. Сабаб - иктишофи ғайриқонунии конҳои газ дар Баҳри Миёназамин арзёбӣ мешуд. Аммо ин таҳримот Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз иқдоми пешгирифтаанд бознадошт. Тобистон ӯ эълон кард, ки пармакуниро идома медиҳад.

Таҳримот ҳадаф нестанд

Дар баробари афзоиш  додани фишор, Брюссел ҳанӯз ҳам ҷойи пой барои чархишҳои иловагиро боқӣ мемонад.  Дар изҳороти пас аз ҳамоиш низ аҳамияти "муносиботи мусбати Туркия ва Аврупоро" таъкид шудааст.

Амрико бар зидди Туркия барои хариди С-400 аз Русия таҳримҳо ҷорӣ кард - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Амрико бар зидди Туркия барои хариди С-400 аз Русия таҳримҳо ҷорӣ кард

"Таҳримҳо намоиши азми устувории Аврупо мебошанд. Аммо ин худ мақсад нест, балки як воситаи тағйир додани рафтори Анқара аст. Мо ҳамеша ба муколама боз ҳастем ва омодагии худро барои коркарди созанда иброз медорем", - гуфт Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса. 

Суханони раҳбари Фаронса ҳамчун идомаи баҳси Париж ва Анқара арзёбӣ шуд, ки тирамоҳи имсол шиддат гирифт. Пас аз куштори муаллими ҷуғрофия Сэмюэл Пати, ки ба мактаббачагон тасвирҳои танзомези пайғамбар Муҳаммадро нишон дод, Макрон дар бораи бӯҳрони ислом ва зарурати ҳифзи арзишҳои дунявии давлат сухан гуфт. Эрдуғон дар посух, ба ӯ машварат дод, ки "вазъи рӯҳия равонияшро санҷад".

Реактивный снаряд системы Смерч на территории общины Иванян Нагорного Карабаха - Sputnik Тоҷикистон
"Смерч" ва "Ос": Озарбойҷон дар Қарабоғи Кӯҳӣ бо чӣ ҷангид

Макронро сарварони кишварҳои Аврупо пуштибонӣ намуда, кӯшишҳои мусалмонон барои тавҷеҳи ҳамла бо нақзи ҳисси диндоронро маҳкум карданд. Ихтилофи Фаронса ва Туркия қариб  ба ҷанги навбатии таҳримот табдил меёфт, аммо амрикоиҳо дахолат карданд. Кларк Купер, ёвари Котиби давлатӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ-ҳарбӣ, ба аврупоиҳо хотиррасон кард, ки Туркия шарики муҳими ҳарбӣ-стратегии паймон аст.

"Кишварҳои НАТО бояд Туркияро дар мадори ғарбӣ нигоҳ доранд. Албатта, иғвоҳо дар Баҳри Миёназамин ва Баҳри Сиёҳ бе вокуниш намемонанд. Аммо бояд иқрор шуд, ки амнияти Аврупо дар қисмати шарқӣ ҳанӯз аз Анқара вобаста аст. Амрико мехоҳад кафили рафтори масъулонаи туркҳо дар эътилоф бошад. Дар акси ҳол, Русия пирӯз хоҳад шуд ", - тавзеҳ дод Купер мавқеи Вашингтонро.

Таҳдидҳои Амрико

Аврупоиҳо изҳороти мусолиҳаомез аз он тарафи уқёнусро бо эҳтиёт қабул намуданд. Чун аз соли гузашта баҳси Туркия ва Амрико дар мавриди хариди С-400-ҳои Русия аз ҷониби Анқара идома дорад.

Глава МИД Турции Мевлют Чавушоглу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мавлуд Човушоғлу: Туркия ба тамомияти сарзаминии Эрон эҳтироми комил дорад

Вашингтон боисрор Эрдуғонро даъват кард, ки аз муомила бо Маскав даст кашад ва барои манъи фурӯши ҳавопаймоҳои ҷанганда-бомбафкани F-35 таҳдид кунад. Аммо мақомоти Туркия шиддатро таҳким дода, посух доданд, ки пойгоҳҳои низомии амрикоӣ Инҷирлик ва Куреҷикро мебанданд. Пентагон аз ин пойгоҳҳо барои амалиёти низомӣ дар Сурия ва Ироқ алайҳи созмони террористии "Давлати Исломӣ"* ниёз дорад.

Ҳамзамон, ин пойгоҳҳо ҷузъи низоми дифои зиддимушакии НАТО дар Аврупо дониста мешаванд. Амрикоиҳо баъди ин лаҳни худро нарм карданд. Эрдуғон инчунин аҳамияти НАТО барои Туркияро эътироф кард. Риторикаи Анқара пас аз пирӯзии Ҷо Байден дар интихобот каме тағйир ёфт. Ва гарчанде ки ӯ ҳамчун ноиби президент аксар вақт режими Эрдуғонро танқид мекард, Туркия умедвор аст, ки муносибатҳо бо омадани маъмурияти нав бозбинӣ шуда, беҳбуд меёбанд.

Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон
Посухи Лавров ба айбдоркуниҳои Маскав дар дахолат ба сиёсати дигар кишварҳо

Гарчанде раисиҷумҳури тозаинтихоби ИМА ҳанӯз дар ин бора изҳори назаре накардааст. Аммо вай ба таври возеҳ изҳор дошт, ки Амрико фосилагирӣ аз НАТО-ро хотима медиҳад. Ҳамзамон, сарвари кунунии Кохи Сафед Доналд Трамп гуфт, ки қабл аз интиқоли қудрат ба Байден, ӯ ният дорад иштироки Амрикоро дар амалиёти НАТО дар Ховари Миёна ва Афғонистон коҳиш диҳад.

Гузашта аз ин, дар чаҳорчӯбаи Қонуни зидди мухолифини Амрико (CAATSA), Иёлоти Муттаҳида алайҳи Анқара барои хариди С-400-ҳои Русия таҳримот ҷорӣ кард.  Эрдуғон инро "беэҳтиромӣ ба шарики худ дар НАТО" номид.

"Мо бо ИМА ва ИА робитаҳои мустаҳками сиёсӣ ва иқтисодӣ дорем, ки онҳоро нодида гирифтан мумкин нест. Таҳримот хисорот ворид мекунанд. Мо интизорем, ки шарикони мо мунсифона муносибат мекунанд", - гуфт президенти Туркия.

НАТО барои мустақилият монеа нест

“Новобаста аз он, ки муносибатҳои Эрдуғон ва НАТО чӣ гуна рушд мекунанд, дар ҷомеаи Туркия ҳамнавоянд, ки узвият дар паймон муфид аст, чун ба Туркия имкониятҳои зиёд фароҳам меорад”, - изҳор дошт коршиноси Маркази омӯзиши сиёсӣ дар Анқара Орхан Ғафарлӣ. Ин сиёсатшинос бурди дигарро дар он мебинад, ки иттифоқ ба Туркия ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо имкон медиҳад, то ихтилофи тарафайнро ҳал намоянд.  

Флаги с символикой Евросоюза у здания Еврокомиссии в Брюсселе. - Sputnik Тоҷикистон
Аврупо "вазорати дурӯғ" алайҳи Русия месозад

"Масалан, муноқишаҳои Анқара бо Юнон ва Кипр ё Фаронса. Коҳишёбии шиддат дар ин муноқишаҳо асосан бо он сабаб шуд, ки ин кишварҳо узви НАТО мебошанд. Эътилоф ҳамчун миёнарав амал мекунад. Инчунин узвият дар ин паймон ба Анқара кумак мекунад, ки амали Юнон, Кипр ва ё Фаронсаро боздорад, агар онҳо қаринаи зидди туркӣ дошта бошанд", - илова намуд коршинос.

Ҳамзамон, таҳлилгар мӯътақид аст, ки Эрдуғон узвият дар НАТО-ро монеа дар роҳи пешбурди сиёсати мустақилона намедонад.

Популизми туркӣ-фаронсавӣ

"Низои Макрон ва Эрдуғон боиси ҷудошавӣ нахоҳад шуд. Байни Туркия ва Юнон ҳамеша шиддат вуҷуд дошт. Аммо ин ҳеҷ гоҳ танҳо ба сабаби узви НАТО будани ҳарду кишвар ба мухолифати кушод табдил наёфт", - изҳор дошт муовини мудири маркази таҳлилии Фаронса ва Русия "Обсерво" Игор Деланоэ.

Ӯ дар мусоҳиба бо РИА Новости қайд кард, ки пас аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Туркия дар тобистони соли 2016, Эрдуғон худро то андозае аз эътилоф канор гирифт. Бо вуҷуди ин, ҳоло ҳеҷ гуна масъалагузории тарки НАТО вуҷуд надорад.

Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон
Меҳмон ё мизбон: чаро Эрдуғон дар гузашти низомӣ дар Озарбойҷон ширкат мекунад

"Иёлоти Муттаҳида иҷозат намедиҳад, ки Анқара аз эътилоф хориҷ шавад. Маҳз тавассути Туркия амрикоиҳо нуфузи худро дар минтақаи Баҳри Сиёҳ ва Қафқоз афзоиш медиҳанд", - итминон дорад Деланоэ. Дер ё зуд, ба гуфтаи коршинос, муносибатҳои Туркия ва Фаронса низ ба эътидол меоянд. Гузашта аз ин, байни кишварҳо ҳеҷ ихтилофи куллӣ вуҷуд надорад.

"Эрдуғон ва Макрон борҳо гузаштпазирии худро дар сиёсати хориҷӣ нишон доданд. Масалан, муқовимати Туркия ва Русияро дар моҳи ноябри соли 2015 то июли соли 2016 ба ёд оред. Он мухолифатҳо бо фароҳам шудани шароити мусоид аз байн рафтанд. Макрон назари худро на як бору ду бор тағйир дода, майлашро ба популизм намоиш дода буд. Муноқишаи байни Париж ва Анқара дер ё зуд ҳал хоҳад шуд", - муътақид аст Деланоэ.

Аммо то он даме, ки манфиати тарафайн барои созиш вуҷуд надорад, ихтилофи Туркия ва Фаронса ва дар маҷмӯъ бо НАТО боқӣ хоҳад монд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала