Бурд зиёд шавад: коршинос гуфт, кай Тоҷикистон узви Иттиҳоди АвруОсиё мегардад

© Sputnik / Александр Натрускин / Гузариш ба медиабонкДиректор Центра исследований проблем Центральной Азии и Афганистана Института международных исследований МГИМО МИД России Андрей Казанцев
Директор Центра исследований проблем Центральной Азии и Афганистана Института международных исследований МГИМО МИД России Андрей Казанцев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Андрей Казантсев, сармуҳаққиқи Институти тадқиқоти байналмилалии МГИМО ба суоли ин ки оё ҳузури Тошканд дар ИИАО ҳамчу нозир Душанберо таҳрик хоҳад дод, посух гуфт

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Ӯзбекистон нозири Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шуд, тасмим дар бораи пазириши он да ҷаласаи охирини ИИАО гирифта шуд.

Бизнес-посол Деловой России, экспортный торговый советник АО Российский Экспортный Центр Михаил Панченков - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: Ӯзбекистон ба Тоҷикистон кумак мекунад, то бо ИИАО ҳамкор шавад

"Аз амалҳои Ӯзбекистон барои Тоҷикистон таъсири намоишӣ хоҳад буд. Тоҷикистон ҳама корҳоеро, ки ҳамсоягонаш анҷом медиҳанд, алахусус Ӯзбекистон хеле бодиққат назорат мекунад. Зеро ин кишвар барои Душанбе таърихан хеле муҳим аст",- гуфт Казантсев дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ӯ, ин кишварҳо робитаи хеле наздики ҷуғрофӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ доранд.

Ҳамаи ин албатта таъсир хоҳад гузошт, аммо як қатор омилҳои дигари муҳим вуҷуд доранд, гуфт коршинос.

"Пеш аз ҳама, барои Тоҷикистон муҳим аст, ки оё Ӯзбекистон билохира ба ИИАО ворид хоҳад шуд, зеро ин ҳанӯз ҳам масъалаи ҳалношуда аст", - афзуд ӯ.

Нуктаи дуввуми муҳим ва барои ҳарду кишвар мавқеи байналмилалии Русия аст, гуфт Казантсев.

"Агар вазъият, масалан, 10 сол қабл мебуд, он гоҳ масъалаи ҳамгироӣ бо Русия аслан мушкиле эҷод намекард. Тошканд ва Душанбе бо хурсандӣ ба ҳама шаклҳои ҳамгироӣ розӣ мешуданд",-гуфт сиёсатшинос.

Ҳақиқати нави Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё: оё Ӯзбекистон Тоҷикистонро аз пасаш меорад?

Аммо ҳоло вазъ пур аз таҳримот аст ва таҳримоти зидди Русия метавонад потенсиали сармоягузориро барои ҳамаи кишварҳои дигари узви ИИАО коҳиш диҳад.

Агар Тоҷикистон ба ИИАО пайвандад, чӣ дигаргун мешавад?   - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистонро дар ИИАО чӣ интизор аст?

"Дар Тоҷикистон аз ин метарсанд ва онҳо бодиққат назорат хоҳанд кард, ки сиёсати ҷаҳонӣ дар атрофи Русия ва бавижа ИИАО чӣ таҳия хоҳад кард. Ин пас аз тағйири қудрат дар Иёлоти Муттаҳида махсусан муҳим шуд", - гуфт ӯ.

Сиёсатшинос инчунин афзуд, ки ҳоло Чин бузургтарин сармоягузор дар Тоҷикистон аст.

"Иқтисоди Тоҷикистон акнун асосан тавассути лоиҳаҳои муштарак бо Чин зинда аст",- гуфт ӯ.

Ҳамзамон, коршинос ёдовар шуд, ки Русия то ҳол шарики нисбатан муҳим ба ҳисоб меравад.

Зубетс гуфт, Тоҷикистон аз ҳамроҳшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё чи фоида мебинад

"Дар бораи захираҳои меҳнатӣ хотиррасон кардан лозим аст, ки қисми зиёди маҳсулоти нохолиси Тоҷикистонро воридоти муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар Русия кор мекунанд, ташкил медиҳад. Русия инчунин Тоҷикистонро бо сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ таъмин менамояд, амнияти ҷумҳуриро аз Афғонистон таъмин мекунад",- гуфт ӯ.

"Тоҷикистон кайҳо изҳор доштааст, ки масъалаи пайвастан ба ИИАО сирф иқтисодист, яъне онҳо бодиққат баррасӣ хоҳанд кард ва вақте ки бурдҳо аз аз бохтҳо зиёдтар шаванд, онҳо ҳамроҳ хоҳанд шуд", - афзуд коршинос.

Казантсев инчунин ёдовар шуд, ки Тоҷикистон узви ЕврАзЭС (пешгузаштаи ЕАЭУ) буд.

Лентаи хабарҳо
0