Путин сирри хушбахтии оилавиро гуфт

Президенти Русия, Владимир Путин асрори хушбахтиро дар посух ба як саволи рӯзноманигори исландӣ гуфт

ДУШАНБЕ, 17 Декабр - Sputnik. Сирри хушбахтии оила муҳаббат аст, гуфт президенти Русия Владимир Путин зимни нишасти калони солонаи матбуотияш.

Рабочая поездка президента РФ В. Путина в Санкт-Петербург - Sputnik Тоҷикистон
Путин дар бораи набераҳояш: ӯ гуфт, чигуна ба Кремл занг мезананд

"Дар мавриди сирри хушбахтии оилавӣ- ин муҳаббат аст. Аммо ин пӯшида нест", - таъкид кард Путин.

Раҳбари Русия афзуд, ки ин муҳаббат як мафҳуми универсалӣ аст.

Нишасти матбуотии калони солонаи президенти Русия Владимир Путин имрӯз - панҷшанбе идома дорад. Чорабинии мазкур 16-умин дидори кишвардори Русия бо рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ гардид.

Имсол ба сабаби пандемияи вируси корона шакли баргузории нишасти матбуотӣ тағйир ёфт. Имсол нишаст ба таври онлайнӣ сурат мегирад.

Суолҳо ба сиёсати дохиливу хориҷаи Русия рабт доранд.

"Бигӯ, редис": маслиҳати Путин ба овозхони ҳақоратчӣ

Президенти Русия ҳамзамон ба саволи як сокини Екатеринбург, ки ба наберагонаш кадом китобҳоро мехонад, посух дода гуфт, масалан Самуил Маршак, "дувоздаҳ моҳ" ва афзуд, ки дар  кишвар асарҳои хуби муаллифони рус ва шӯравӣ зиёданд.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала