Дар Бадахшон ҳавои сарду дар пойтахт гарм: обуҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

© © Sputnik / Амир ИсаевЦветы в снегу, архивное фото
Цветы в снегу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, туман мефарояд

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии ҳавошиносӣ, имрӯз дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш  шуда, туман мефарояд.  Ҳарорати ҳаво шабона 4-6 дараҷа хунук  ва рӯзона   8+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, меғ мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Лампочка в подвале, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Хуҷанд: нерӯи барқро боинсофонаву сарфакорона истифода намоед

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда ва дар баъзан ноҳияҳо камабри бебориш мешавад.  Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 11-16 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона  30-35  ва ва рӯзона 11-16  дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук  то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12-17 дараҷа  хунук ва рӯзона аз 4  дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0