Муҳриддин бо сафири Амрико дар Тоҷикистон мулоқот кард

Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба равобити Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳамкорӣ ва ғайра табодули афкор карданд

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Сироҷидди Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафири Амрико дар Тоҷикистон мулоқот кард, гузориш медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Встреча первого заместителя Нацбанка Таджикистана с послом США в РТ  - Sputnik Тоҷикистон
Нуралиев аз сафири Амрико дар барқарор кардани суратҳисобҳои муросилотӣ кумак хост

Бино ба иттилои манбаъ, 18 декабр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ва роҳбари нави Агентии рушди байналмилалии ИМА дар Тоҷикистон Кит Симмонсро ба ҳузур пазируфт.

Гуфта мешавад, дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба равобити Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар чорчӯби  АРБИМА ва рушди ҳамкории минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Ҳамчунин роҳҳои пешгирии паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19) мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала