Сабри ҷамил хоҳонам: паёми ҳамдардии Раҳмон ба Пашинян

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба Никол Пашинян, сарвазири Арманистон дар робита ба фавти падараш изҳори ҳамдардӣ кард

ДУШАНБЕ, 19 дек – Sputnik.  Эмомалӣ Раҳмон аз даргузашти Вова Николаевич, падари Никол Пашинян изҳори андуҳ карда, ба наздиконаш сабри ҷамил хостаст. 

Премьер-министр Армении Никол Пашинян (слева) и президент Азербайджана Ильхам Алиев - Sputnik Тоҷикистон
Ту гунаҳкор нестӣ: Алиев Пашинянро тарафгирӣ кард

"Муҳтарам Никол Воваевич, Дар иртибот ба талафоти гарон ва ҳузнангези фавти падари Шумо Вова Николаевич таъзияву ҳамдардии амиқи ин ҷонибро қабул фармоед. Андӯҳи Шуморо шарикӣ карда, дар ин лаҳзаҳои вазнин барои Шумо ва ҳамаи наздиконатон сабри ҷамилу матонат хоҳонам", - омадааст дар паёми Раҳмон ба Пашинян.

Ба иттилои расонаҳо, Вова Пашинян дар Ереван дар 81-солагӣ фавтид. Сабаби фавт бемории саратон арзёбӣ мешавад.

Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Вова Пашинян ду бор хонадор шуда, аз издивоҷи аввал соҳиби се писар - Артак, Армен ва Никол шудааст. Модари Никол замоне, ки ӯ 12 сол доштааст, даргузаштааст. Падараш то баромадан ба нафақа омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ будааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала