Собиқ сафир дар Душанбе ва феълан дар Туркманистон гирифтори COVID-19 шудаст

Хю Филпот, собиқ сафири Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон, ки феълан сафир дар Туркманистон мебошад, гирифтори коронавирус шудааст

ДУШАНБЕ, 19 дек – Sputnik. Гарчанде расман ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар Туркманистон сабт нашудааст, Филпот, сафири Бритониё дар ин кишвар изҳор доштааст, ки коронавирусро аз сар гузаронд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумат барои сохтмони беморхонаи сироятӣ замин ҷудо кард

Филпот нахуст дар саҳифааш дар Twitter бахшида ба 25-солагии нейтралитети Туркманистон навори иҷрои суруди оҳангсоз Нурӣ Холмамадов, “Дашти туркман”-ро нашр намуд.

Робин Орд-Смит, собиқ сафири Бритониё дар Туркманистон, ки пештар инчунин сафир дар Тоҷикистон низ буд, дар баробари корбарони дигари шабакаҳои иҷтимоӣ назарашонро дар бораи сурудхонии Филпот баён доштааст.

Дар посух ба назарҳо Хю Филпот изҳор доштааст, ки бояд баъди гирифторӣ ба коронавирус нерӯяшро барқарор кунад.

​Дар идома ба Филпот шифои оҷил таманно кардаанд.

Посетители танцуют в ночном клубе в Ухане - Sputnik Тоҷикистон
Як шаб дар Вуҳан: маркази коронавирус ба ҳаёти муқаррарӣ баргашт

Гирифтории Филпот ба коронавирус дар ҳолест, ки расман дар Туркманистон ягон ҳолати гирифторӣ ба ин маризӣ сабт нашудааст, аммо мубталоёни “илтиҳоби шуш” афзоиш ёфта истодаанд. Ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар пайи сафар ба ин кишвар изҳор дошта буд, ки аллакай ҳолатҳои гирифторӣ ба беморӣ ҷой доранду мақомот бояд чораандешӣ кунанд.

Филпот  қабл аз кораш дар Туркманистон солҳои 2015 – 2019 баъди Робин Орд-Смит сафири Бритониё дар Тоҷикистон буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала