Пешниҳоди Тоҷикистон барои оғози парвозҳо ба Русия: шарҳи сафир

Сафири Тоҷикистон дар Маскав, Имомуддин Сатторов гуфт, ки мақомоти ҷумҳурӣ пешниҳод доранд, ки ҳаракати ҳавоӣ миёни кишварҳо аз сар гирифта шавад.

ДУШАНБЕ, 21 дек – Sputnik. Ҳанӯз тобистони соли равон Тоҷикистон ба Русия пешниҳод кард, ки парвозҳои доимиро барқарор кунад, аммо то ҳол посухе нагирифтааст, гуфт сафири Тоҷикистон дар Маскав, Имомуддин Сатторов дар мусоҳиба бо РИА Новости.

Самолет на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон соли 2020 ба 10-гонаи беҳтарин самтҳои ҳавоӣ аз Русия шомил шуд

"Мо омодагии худро барои кушодани иртиботи ҳавоӣ (бо Русия - таҳ.) моҳи июл изҳор кардем. Парвозҳои мунтазам - мо омодаем, ки ҳар лаҳза бо Федератсияи Россия алоқаи ҳавоиро кушоем",- гуфт Сатторов.

Ба гуфтаи вай, ҷониби Русия то ҳол бо ризоият посух надодааст.

"То ба ҳол, онҳо вазъи эпидемиологиро дар назар доранд, ки ҳоло номуносиб аст. Фикр мекунам, мо бояд марзро боз кунем, зеро иқтисод бояд кор кунад ", - афзуд сафир.

Ёдовар мешавем, ки Русия дар пасманзари пандемияи коронавирус аз 27 март парвозҳои мунтазамро бо дигар кишварҳо қатъ кард.

Тайи моҳҳои сентябр ва октябр ҳамарӯза байни кишварҳо дар як моҳ 140 парвози чартерӣ анҷом дода шуд.

Рӯзе 5-6 парвоз: нашри ҷадвали нави парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон

Моҳи ҷорӣ бошад 146 парвози интиқолӣ аз фурудгоҳҳои байналмилалии Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск, Красноярск, Краснодар, Қазон, Сургут ва Иркутск ба Душанбе анҷом дода мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала