Тоҷикистон ба як ширкати ҳавопаймоии дигари Русия иҷозаи парвоз дод

Ширкати ҳавопаймоии Русия S7 парвозҳои чартериро аз Душанбе ва Хуҷанд ба шаҳрҳои Русия оғоз кард

ДУШАНБЕ, 22 дек - Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии Русия S7 аз мақомоти Тоҷикистон барои ташкили парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия иҷозат гирифтааст, хабар медиҳад сафорати Русия дар Душанбе.

Самолет авиакомпании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пешниҳоди Тоҷикистон барои оғози парвозҳо ба Русия: шарҳи сафир

Аввалин парвози ҳавопаймо дар масири Хуҷанд - Маскав 18 декабр сурат гирифт.

Парвозҳои минбаъда ҳафтае як маротиба дар се самт анҷом дода мешаванд.

Душанбе - Новосибирск рӯзҳои панҷшанбе аз 24 декабр;

Хуҷанд - Москва рӯзҳои панҷшанбе аз 24 декабр;

Хуҷанд - Новосибирск рӯзи сешанбе аз 22 декабр.

Ин парвозҳо барои ҳамлу нақли шаҳрвандони Русия, инчунин шахсоне пешбинӣ шудаанд, ки мутобиқи фармони Ҳукумати Федератсияи Русия барои ворид шудан ба Русия асос доранд.

Гуфта мешавад, гирифтани хулосаи муассисаи тиббӣ (ба забони русӣ) дар бораи набудани сирояти коронавирус барои сафаркунандагон хатмӣ мебошад, ки он на дертар аз се рӯзи вуруд ба Русия гузаронида шавад.

Бозгашти беш аз 90 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тавассути парвозҳои чартерӣ

Чиптаҳои ин парвозҳо тавассути вебсайти расмии S7 ва намояндагии ин ширкат дар Тоҷикистон фурӯхта мешаванд.

То ҳол аз шикатҳои Русия "Уралские авиалинии" чунин иҷозаро дошт, ки парвозҳоро аз Тоҷикистон анҷом диҳад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала