Гилаи Гулрухсор ва посухи Раҳмонзода: чаро Бозор Собирро бо “усули мисрӣ” дафн карданд?

© © Sputnik / Амир ИсаевНародная поэтесса Таджикистана Гулрухсор Сафиева
Народная поэтесса Таджикистана Гулрухсор Сафиева - Sputnik Тоҷикистон
Бозор Собир, Шоири халқии Тоҷикистон, қабл аз марги худ васият кардааст, ки ӯро ба “усули мисрӣ” дафн кунанд

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Ин яке аз нуктаҳои суханронии Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар умури рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар анҷумани Иттифоқи нависандагон буд, ки дар посух ба Гулрухсор, дигар Шоири халқии Тоҷикистон баён дошт. Хонум Гулрухсор дар ин анҷуман аз он гила кард, ки эҳтироми Мӯъмин Қаноат ва Бозор Собир, бузургони адабиёти тоҷик, ҳангоми гӯру чӯбашон ба ҷо оварда нашудааст.

“Устод Мӯъмин Қаноатро бо мошини боркашӣ ба қабристон бурдем. Барои Бозор чаро панҷ виза гирифтем? Барои он ки даруни мошин бимонему бубарем? Ман мехоҳам гӯям, ки мо ба онҳое ҳукм накунем, ки ба ҳукм ниёз надоранд”, - гуфт Гулрухсор.

Абдуҷаббор Раҳмонзода дар посух ба ин суханон гуфт, замоне, ки Бозор Собир дар Амрико фавтид, Президент шахсан ба сафири Тоҷикистон дар Амрико ва ҳам вазири корҳои хориҷии кишвар дастур дод, ки ҳама тадбирро барои овардани ҷанозаи ӯ ба ватан андешанд.

Поэт Бозор Собир, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Як сол бе Бозор Собир : 81 - солагии уcтоди сухан

“Шодравон Бозор Собир ба фарзандонашон васият карда будаанд, ки он касро бо усули мисрӣ дафн кунанд. Вақте ин нуктаро ба раҳбари давлат расондем, гуфтанд, ҳар чӣ васият кардааст, иҷро кунед. Нимпайкараи зебое, ки сари қабри устод Муъмин Қаноат гузошта шуд, ибтикори шахсии раҳбари давлат буд”, - гуфт ёрдамчии Президенти Тоҷикистон.

Набояд ҳамаро бо чашми бад дид. Мо ҳама хуб медонем, ки ҷаноби Президент муҳаббати хоса ба хонум Гулрухсор доранд ва он касро ҳамчун шоираи халқӣ эҳтиром мекунанд. Набояд гила кунем. Гулрухсор аз мадди назари на Президент, на давлат ва на ҳукумат дур нест ва намемонад, афзуд вай.

Ёди бузургон: “Бозор Собир Мӯъмин Қаноатро ҳайкали хомӯшӣ мегуфт”

Бозор Собир 14 май ва Муъмин Қаноат 18 майи соли 2018 дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе, ҷое, ки дигар бузургони сиёсат ва илму адаби тоҷик, назири Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Муҳаммад Осимӣ, Камол Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Лоиқ Шералӣ, Раҳим Масов, Гулназар ва дигарон ба хок супурда шудаанд, хонаи охирати худро пайдо карданд.

Аммо ҳоло баргардем ба қиссаи Бозор Собир ва ин ки чаро, ба қавли шоҳидон, танҳо ӯ бо “усули мисрӣ” дафн шуд?

Ду усли дафн дар Тоҷикистон

Саидмукаррам Абдуқодирзода, муфтӣ ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, ки шахсан ҷанозаи Бозор Собирро хондааст, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар кишвар ду усули шаръии дафн истифода мешавад, ки якеро “лаҳадӣ” ва дигареро “шомӣ” (кӯфӣ, мисрӣ) гӯянд.

“Дар ҳарду усул дарозии “лаҳад”, вобаста ба қади одам то 2, бар - 1 ва баландӣ низ 1 метр аст. Дар усули “лаҳадӣ” аввал “долон” ва дар канораш “лаҳад” мекобанд. Тибқи усули “шомӣ”, “лаҳад” дар идомаи “долон” сохта мешавад. Усули “шомӣ” дар заминҳое ба кор бурда мешавад, ки нарм ё регӣ ҳастанд, бахусус дар бештари кишварҳои араб”, - гуфт Саидмукаррам Абдуқодирзода.

Усули “лаҳадӣ”, баръакс, дар заминҳои сахт истифода мешавад, бахусус кишварҳои минтақаи мо. Аз назари шаръӣ, ҳарду усул дуруст аст. Муҳим “лаҳад” зуд тахриб нашавад, афзуд вай.

Ҳудуди 93% - и Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил мекунанд. Заминҳои региву нарм ҳам дар кӯҳистон ва ҳам водиҳо дучор меоянд, аз ин хотир, сокинони ин гуна манотиқ дар қабристонҳои худ аз усули “шомӣ” – и дафн кор мегиранд.

Расми обову аҷдод

Дар ҳамин ҳол, ба қавли шоҳидон, қабрҳои дигар бузургоне, ки дар қабристони Лучоб ҷойгиранд, умдатан бо усули “лаҳадӣ” ҳафр шудаанд. Суол ҳам ин аст, ки чаро шоири маъруфе, назири Бозор Собир кандани қабри худро ба усули “шомӣ” ё “мисрӣ” васият кард?

Муъмин Қаноат дар оромгоҳи Лучоб дар паҳлуи Бозор Собир дафн шуд

Масъуд Собиров, бародарзодаи Бозор Собир, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз ин ки шоири марҳум чунин васият кардааст, хабар надорад, аммо ин усули дафн як шеваи хонаводагӣ аст.

“Умуман, дар деҳаи мо – Сӯфиён (-и ноҳияи Файзобод), он қадар, ки хабар дорам, ҳадди ақал падару бобо ва наздикони мо бо ин усул дафн шудаанду мешаванд. Тасмим гирифтем, ки устодро низ ҳамин гуна ба хок супорем. Ин як усули дафн аст, ки қабр зуд хароб намешавад”, - гуфт Масъуд Собиров.

Оё Бозор Собир аз ин расми хонаводагии худ хабар, ё фикри дигаре дар сар дошт, ки усули дафни худро ҷиддӣ гирифт ва чунин васияте кард? Ин роз ба ҷуз ӯву Офаридгор ба каси дигаре кушода нест. Шояд чунин васиятеро ҳам накарда ва ин тасмими наздиконаш буд.

Ҳар чӣ ҳасту нест, ин суханони яке аз мухлисонаш посухи муносибе ба ин суолҳо метавонад бошад, ки гуфт, Бозор Собир дар миёни шоирон як чеҳраи ғайриоддиву истисноӣ буд ва дар қабр низ миёни онҳо чунин ҷое ёфт...

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала