Меғ мефарояд: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои  тағйирёбанда дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ  эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ  ва фаромадани туман пешбинӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Бино бар иттилои Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  тағйирёбанда шуда,  эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.  Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 11-16 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона  22-27, дар баъзе ноҳияҳо то 30-35 ва рӯзона то 10-15  дараҷа хунук мешавад.

Снегопад в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тавсияҳои КҲФ ба ронандагону пиёдагардон дар рӯзҳои яхбандиву меғфароӣ

Ҳаво дар вилояти Суғд   тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилави дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо  туман мефарояд.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук  ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 дараҷа  хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Дар ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 3  дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  ва рӯзона 1+6  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Ҳушдор аз сардиҳо: чанд тавсияи КҲФ ба сокинон

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона   6+8 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала