Чигуна дар Тоҷикистон занҳо ба хушунати хонаводагӣ мубориза мебаранд - видео

Баъд аз афзоиши ҳолатҳои худкушӣ миёни занон, дар Тоҷикистон барномаи дастгирии занон роҳандозӣ шудааст

Дар минтақаҳои алоҳидаи дурдасти Тоҷикистон маъракаи иттилоотӣ #ба хушунат тоқат накун, ба хотири  дастгирии заноне, ки ба хушунат хонаводагӣ рӯ ба рӯ мешаванд, роҳандозӣ шудааст.

Фаъолони маҳалӣ ба духтарону занон, ки ба хушунати хонаводагӣ ру ба рӯ шудаанд кумак мерасонанд, то онҳо ба зиндагии озоди осуда баргарданд ва аз фишорҳои руҳӣ озод бошанд.

Девушка в подавленном настроении - Sputnik Тоҷикистон
Беш аз 15 ҳазор зан мавриди хушунати хонаводагӣ қарор гирифтаанд

Занҳои фаъол аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба кумаки занҳо омаданд. Онҳо ба занон бо роҳи суҳбатҳои ҳамарӯзаву ғамхорӣ барои фаромуш кардани онҳо аз хушунати хонаводагӣ кумак мерасонанд. Аксари ин занҳое, ки имрӯз ба дигар духтарон кумак мерасонанд, қаблан низ ба ҳамин гуна хушунатҳо дар оила рӯ ба рӯ шуда буданд.

Дар яке навор, дар бораи як зани одии тоҷик Қурбонбӣ Мирзоева ва гурӯҳи “Дурахшон”-и ӯ нақл карда мешавад, ки дар ҷамоати Догистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ташкил карда шудаааст.

Қурбонбӣ ва ёрдамчиёни ӯ, худсарона ба хонаҳои занҳо мераванд, то ба занҳоро дар бораи ҳуқуқ ва қонун дар бораи хушунати хонаводагӣ маълумот диҳанд.   

“Бо заноне, ки мо кор мекунем, онҳо бештар соҳиби як, ду ё се фарзанд ҳастанд, ки аз шавҳарҳои худ ҷудо шудаанд”, - мегуяд дар навор хонум Мирзоева. Вай илова кард, ки аксари ин занҳо аз шавҳарҳои худ талоқ гирифтаанд.

Танҳо дар чаҳор соли ахир гурӯҳи “Дурахшон” 34 ҳолати хушунати хонгаводагиро ба қайд гирифтааст. Имрӯз аксари занон дар баробари он, ки ба ин гурӯҳ боварӣ доранду, қиссаҳои зиндагии худро ба онҳо нақл мекунанд, онҳо ҳамчунин дар симои ин гурӯҳ ягона ҳимоягарро мебинанд.

Созмони байналмилалии International Partnership for Human Rights дар якҷоягӣ бо созмони “Наҷоти кӯдакон”-и Тоҷикистон барои ташкили гурӯҳҳои махсус кумак карданд. Ин гурӯҳҳо дар бораи ингуна занҳо наворҳои ҷолиб таҳия мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала