Мансаби нави Худоёрзода, собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон

© © Sputnik / Амир ИсаевМинистр транспорта Республики Таджикистан Худоёрзода Худоёр Завкибек
Министр транспорта Республики Таджикистан Худоёрзода Худоёр Завкибек - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Худоёр Худоёрзода, ки моҳи августи соли равон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мақоми вазири нақлиёти ҷумҳурӣ ба нафақа фиристода шуд, дар ширкати роҳбони IRS вазифаи нав гирифт

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Тавре дар сомонаи намояндагии ширкати IRS дар Тоҷикистон омадааст, Худоёр Худоёрзода, муовини мудири IRS дар Тоҷикистон таъйин шудааст. Таъкид шудааст, ки ӯ дар ин мақом масъули нигоҳдории роҳ хоҳад буд.

Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: барканории Худоёрзода ва мансаби нави Азим Иброҳим

Роҳбарии намояндагии IRS дар Тоҷикистонро Сафаров Нодир ба уҳда дошта, ин ширкат масъули нигоҳдории ягона роҳи пулакии ҷумҳурӣ Душанбе – Чаноқ мебошад.

Таъйини Худоёрзода, собиқ вазири нақлиёт ба ин мақом дар IRS дар ҳолест, ки моҳи августи соли равон ӯ ба далели баромадан ба нафақа аз вазифа барканор шуда, ба ҷои ӯ Азим Иброҳим, вазири нақлиёт таъйин гардид.

Қабл аз барканории Худоёрзода мақомоти додситонӣ хабар дода буданд, ки ӯ санаи 11 - уми август дар манзили зисти худ қасди худкушӣ кардааст. Додситонии кулли Тоҷикистон тавзеҳ дода буд, ки ин ҳодиса дар заминаи муноқишаи оилавӣ дар хонаи Худоёрзода дар кӯчаи Ҷаббор Расулови пойтахт рух додааст. Манбаъ таъкид намуд, аъзои оила, ки дар хона ҳузур доштанд, аз воқеа хабардор шуда, ба Худоёрзода кумаки аввалиндараҷа расониданд. Худи Худоёрзода ин қазияро то ҳол шарҳ надодааст.

Лентаи хабарҳо
0