Се медали тиллои занҳои тоҷик дар озмуни ҷаҳонии бонувони ихтироъкор

© Пресс-служба МинэкономразвитияТри золотые медали таджикских женщин на мировом конкурсе женщин-изобретателей
Три золотые медали таджикских женщин на мировом конкурсе женщин-изобретателей - Sputnik Тоҷикистон
Дар Намоишгоҳи байналмилалии “KIWIE” дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ 3 бонуи ихтироъкори тоҷик бо медалҳои тилло сарфароз гардиданд

ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik. Аз котиботи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфтанд, маросими супоридани ҷоизаҳои байналмилалӣ ба 3 зани ихтироъкори ҷумҳурӣ имрӯз бо ширкати вазир Завқӣ Завқизода доир шуд.

Линейный парк Seoullo 7017 в Сеуле, Южная Корея - Sputnik Тоҷикистон
Мавлуда Давлатмамадова - бонуи ихтироъкори тоҷик, ки аз Сеул ду медали тилло овард

Ба иттилои манбаъ, Зоидова Муътабар - ходими илмӣ, химияи пайвастагиҳои гетеросиклӣ, Мухтарова Парвина - ассистенти кафедраи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинии Донишкадаи такмили ихтисос ва баъдидипломии кормандони соҳаи тиб ва Маҳмудова Таҳмина - муовини декан оид ба илм ва донишҷўёни шартномавии факултети “Нақлиёт”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ, ки дар 13 – умин Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор “KIWIE – 2020” ва Форуми байналмилалии занҳои ихтироъкор, иштирок намуда, соҳиби медали тилло гардиданд.

Гуфта мешавад, намоишгоҳ дар шаҳри Сеули ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ аз 23 то 25-уми октябри соли ҷорӣ баргузор гардида аз 17 кишварҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, 441 нафар (230 ихтироъҳо) бонуи ихтироъкор иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, дар 12-умин намоишгоҳ ва форуми ҷаҳонии занони навовари соли гузашта Мавлуда Давлатмамадова,  барои ихтирои малҳами табобатӣ бар зидди бемории ҳассосияти пӯст соҳиби медали тилло гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала