Додгоҳи олӣ ҳукми марде, ки бо 13 зарби корд ҳамсарашро кушт, эълон кард

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкЗадержанный преступник, архивное фото
Задержанный преступник, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи олии Тоҷикистон Саидов Али Маҳмадризоевич, сокини ноҳияи рӯдакиро барои қатли бераҳмони ҳамсараш ба муҳлати 24 сол равонаи зиндон кард

ДУШАНБЕ, 21 дек – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон, адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт хоҳад гузаронид.

Нож в руке - Sputnik Тоҷикистон
Куштори ҳамсар аз ҷониби шавҳар бо 13 захми корд

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи куштор 4 июни соли ҷорӣ сар зада, Саидов Али Маҳмадризоевич дар манзили иҷоравиашон, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Чимтеппа, деҳаи Гулпарвар, бо ҳамсараш Исматова Р.Ғ., муноқиша намуда, бо корди хоҷагӣ бо мақсади ба қатл расонидан бо бераҳмии махсус ба узвҳои ҳаётан муҳими ҳамсараш 13 маротиба зарбаҳои пайдарпайи марговар задааст.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа охирин ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Тафсилоти ВУД: куштори ҳамсар аз сӯи шавҳар барои майнӯшӣ

Манбаъ мегӯяд, бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ аз 15 декабри соли 2020 Саидов А.М. бо моддаи 104 исми 2 банди “е” Кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои 24 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт таъйин карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0