Гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон ба 80 миллион наздик шуд: ташвиши нав аз шакли нави он

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузаштан ба хазинаи аксЛюди в защитных масках на остановке общественного транспорта
Люди в защитных масках на остановке общественного транспорта  - Sputnik Тоҷикистон
Шумори гирифторон ба коронавирус дар саросари ҷаҳон ба 79 миллиону 771 ҳазору 523 нафар расидааст

ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik. Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, шабонарӯзи гузашта 253 ҳазору 878 нафр боз гирифтори ин беморӣ гаштаанд.

Медицинские работники в инфекционной больнице - Sputnik Тоҷикистон
Маълум шуд, ки кадом беморонро пас аз коронавирус бояд дар беморхона нигоҳ дошт

Ин созмони ҷаҳонӣ шумори фавтидагонро 1 миллиону 750 ҳазору 067 нафар эълон кард.

Тибқи омори ин ниҳод, то кунун 56 миллиону 160 ҳозору 251 нафар пурра муолиҷа шудаанд, дар беморхонаҳо бошад 106 ҳазору 299 нафар дар ҳоли вазнин мебошанд.

Бар пояи оморҳои ахир, дар Тоҷикистон 13 106 нафар мубтало ба коронавирус шуда, 12 578 нафар ё 95,97% шифо ёфтаанд. 

Тибқи оморҳо ИМА ҳоло ҳам бо теъдоди 19 миллиону 111 ҳазору 326 гирифтор дар садри ҷадвал аст. Па аз он, Ҳиндустон  — бо 10 147 468 бемор, Бразилия — 7 425 593 гирифтор дар сегонаи авваланд. Дар русия бошад гирифторони беморӣ ба 2 963 688 нафар мерасад ва пас аз он Фаронсаву Бритониё қарор гирифтаанд.

Соли наву вируси нав: дар бораи навъи ҷадиди коронавирус чӣ маълум аст

БАрои мубориза бо ин беморӣ ҳоло дар ҷаҳон омодасозии воксинаҳо идома дорад, ки Русия дар ин самт аз пешқадамҳо буд.

Медицинские работники во время обхода в госпитале для лечения больных COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон
Кашфи шакли нави коронавирус дар Бритониё: “70% сироятёбандатар аз пешӣ”

Амрико низ аз омодагии воксинааш хабар дод ва ҳатто президенти тозаинтихоб Ҷо Байден ҳафтаи гузашта дар пахши пустамқим худро эм кард.

Аммо ҳоло ҷаҳонро сирояти ба гунаи нави коронавирус, ки нахуст дар Британияи Кабир паҳн шуда буд, ба ташвиш овар.

Гуфта мешавед, ин вирус дар зане пайдо шуд, ки рӯзи якшанбе аз Британияи Кабир аз тариқи ҳавопаймо ба Франкфурт фуруд омада буд.

Ин вирус ҳоло дар Швейсария ва Италия низ ошкор шудааст.

Сироятшинос гуфт, пас аз 5 сол бо коронавирус чӣ мешавад

Дар робита ба ин дар Британия қарантинаи шадид роҳандозӣ шудааст ва кишварҳои ҷаҳон, ки пештар робитаҳои ҳавоиро барқарор карда буданд, дубора чораи маҳдудсозиро бо ин кишвар пеш гирифтанд.

Ба гуфтаи олимон ин шакли нави коронавирус 70 дарсад сироятёбандатар аз қаблияш аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала