Хиёнати Мавлюда ба ивази 5 сомонӣ: қатли ҳамзист, ки ҳамхобагиро дид

CC0 / Pixabay / Женские ноги
Женские ноги - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи шаҳри Душанбе Мавлюда Ишанкуловаро барои қатли ҳамзисташ, Хайруллин Вагаршак дар шаҳри Душанбе ба 19 соли зиндон маҳкум кардааст

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Ишанкулова ва Хайрулин аз соли 2008 шинос буда, муваққатан ҳамчун иҷоранишин дар манзили истиқоматии шаҳрванд Самадов дар шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Аминҷон Шукуҳӣ зиндагӣ мекарданд.

Манбаъ таъкид кардааст, ки шуғли асосии ин ду нафар майнӯшию оворагардӣ будааст.

Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
12 ҳазор биёр: боздошти ҷавонзан, ки пас аз ҳамхобагӣ бо сокини Восеъ, ӯро "шантаж" мекард

"Аз ҷумла 22 апрели соли 2020, тахминан соати 22:00 Ишанкулова ва ҳамзисташ Хайрулин дар манзили иҷораашон машғули майнушӣ буданд, ки тахминан соати 23:30 дақиқа рафиқи деринаи Хайрулин бо номи “Дамирал”,  ба назди онҳо омада, якҷоя арақ менӯшанд. Сипас Хайрулин ба болои кат хоб меравад", - омадааст дар иттилоияи додситонӣ.

Манбаъ афзудааст, ки дар пайи хобравии Хайруллин, “Дамирал” бо Ишанкулова бар ивази 5 сомонӣ алоқаи ҷинсӣ мекунад. Ин ҳолатро Хайруллин дида, Мавлюдаро мавриди таҳқиру латукӯб қарор медиҳад ва сипас боз хоб мекунад.

Додситонӣ афзуд, ки Ишанкулова бо маслиҳати пешакӣ бо “Дамирал” бо корди хоҷагӣ 8 маротиба ба синаи Хайрулин зада, сипас кордро тозаю пинҳон карда, бо "Дамирал" аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, Ишанкуловаро боздошт карданд, аммо шахсияти “Дамирал” барои тафтишот номаълум боқӣ мондааст.

Додгоҳи Душанбе Ишанкуловаро дар куштор гунаҳкор дониста, ба 19 соли зиндони низоми умумӣ маҳкум кардааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала