Рустами Эмомалӣ аз сохтмонҳо норозист: Ӯ хостори ҷалби таҷрибадору бовиҷдонҳо шуд

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, имрӯз аз ҷой доштани бархе камбудиҳо дар сохтмони иншооту биноҳо дар пойтахт изҳори норозигӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik.  Тибқи иттилои котиботи шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ гуфт, дар ҳудуди шаҳр айни замон сохтмони 450 бинову иншооти нави замонавӣ идома дорад.

Рустами Эмомали, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бо вуҷуди COVID-19: раиси Душанбе гуфт, ташкили ҷойҳои нави корӣ зиёд шуд

Ӯ афзудааст, ки дар соҳаи сохтмони бинову иншоот ҳанӯз камбудиву норасоиҳо ҷой доранд.

“Дар ин робита ба сохторҳои масъули шаҳр, махсусан комиссияи давлатии қабул супориш дода шуд, ки якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр барои интихоби ширкатҳои бовиҷдон, ки дар асл таҷрибаи сохтмонӣ ва сифати корҳои хуб доранд, қатъиян корбарӣ намоянд”, - супориш додааст Рустами Эмомалӣ.

Раиси Душанбе таъкид кардааст, ки барои ҷалби бештари ширкатҳои ватании таҷрибадор ва кормандони маҳаллӣ, истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ ва назорати иҷрои корҳо ҳамарӯза чораандешӣ шавад.

“Дар ин самт ҷиҳати пешгирии сохтмонҳои худсарона ва ғасби замин сохторҳои марбута ва Кумитаи идораи замини шаҳр муваззаф гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ҳудудҳои заминҳои воридгардида ва ноҳияҳои ҳамшафати шаҳр чораҳои амалӣ андешанд”, - таъкид кард Рустами Эмомалӣ.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала