Аксҳои оилаамро аз телефонам гирифту "шантаж" кард: тафсилоти "куштори номусӣ" дар Масчо

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон Диловархуҷа Тураеви 23-сола, ки дар одамкушӣ гумонбар дониста мешавад, боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 16 дек – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон кормандони милитсия зимни амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавони 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карданд.

Ноги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рашк: куштор ҳангоми дидани алоқаи ҷинсии зани ҷавонаш бо ҳамсоя-видео

Ба иттилои манбаъ,номбурда, санаи 9-уми декабри соли равон, аз ҳиссиёти рашки зиёд ба ҳамсараш, Амирбек Исломови 33-сола, рафиқ ва ҳамдеҳаашро ба воситаи телефон барои гуфтугӯ ба канори роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Оббурдон даъват намуда, бо мақсади аз ҳаёт марҳум сохтани номбурда, бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо табари дар дасташ буда, якчанд маротиба ба сари ҷабрдида задааст.

Гуфта шудааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

“Баъдан гумонбаршаванда барои рӯйпуш намудани ҷиноят ҷасади марҳумро ба чоҳи об партофта аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, - таъкид доштааст дафтари матбуоти вазорати умури дохила.

Диловархуҷа Тураев зимни бохзпурсӣ гуфт, Амирбек Исломовро медонад ва бо ӯ як сол дар Русия низ кор кардааст.

“Дар ҳамон ҷой миёнамон муноқиша шуд. Аз телефони ман расмҳои оилаамро гирифта, фоттошоп кардаву маро шантаж мекард ва ҳаргуна шарт мегузошт”.

Ба гуфти ӯ дар Русия миёни ҳам муомила карданд, аммо вақте ба Тоҷикистон омадан Амирбек Исломов боз ба “шантаж”-аш даст зад, ки дигар тоқат карда натавонист.

ВУД мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала