Хоҳишмандон зиёд шуданд: Далер Назаров дар Тошканд ду рӯз консерт медиҳад

© Facebook / Daler Nazarov studioДалер Назаров, архивное фото
Далер Назаров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунарманди маъруфи тоҷикистонӣ Далер Назаров дар Тошканд ҳунарнамоӣ мекунад. Ташкилкунандагони консерт хабар додаанд, ки бинобар зиёд будани хоҳишмандон консерт ду рӯз баргузор карда мешавад

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Консерти ҳунарманди номии тоҷик дар Ӯзбекистон рӯзҳои 27 ва 28 декабр баргузор карда мешавад.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от Daler Nazarov Studio (@dalernazarovstudio)

Имрӯз гурӯҳи эҷодии Далер Назаров хабар дод, ки бинобар зиёд будани хоҳишмандон, консерт ба ҷои як рӯз 28 декабр ду рӯз, яъне 27 декабр низ баргузр карда мешавад.

"Хощишмандони тамошои консерти Далер Назаров дар санаи 28 декабр чунон зиёд буданд, ки мо ба хулоса омадем, як шоми дигар ташкил кунем", - омдааст дар он.

Консерти Далер Назаров дар Маскав ба таъхир афтод

Гуфта мешавад, макони чорабинӣ ресторани "Оби ҳаёт" ва соати оғози он 19:00 мебошад.

"Шитобед, ҷойҳо маҳдуданд", - афзудаанд ташкилкунандагон.

Лентаи хабарҳо
0