Расонаҳо: "лимит" ба Бадахшон рафтааст

© Sputnik / Амир ИсаевХуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Хуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
ВМКБ, ки минтақаи сардтарини Тоҷикистон аст, ягона вилояте буд, ки пову қадами маҳдудияти барқ нарасида буд, аммо ҳамакнун сокинон аз норасоии барқ шикоят мекунанд, менависанд расонаҳо

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Дар ҳоле ки маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон аз рӯзи 10 декабр бекор шудааст, иҷрои ин тарҳ ба тозагӣ дар вилояти кӯҳистони Бадахшон оғоз шудааст, менависад "Парс тудэй" дар истинод ба сомонаи Прессаи Тоҷикистон.

Лампочка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раиси Суди Олии иқтисодӣ дар Спитамен аз сарфаи барқ гуфт

Ин дар ҳолест, ки вилояти Бадахшон дар 10 соли маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон, танҳо минтақае буд, ки шомили ин маҳдудият намешуд.

"Бо ин ҳол акнун дар 5 ноҳияи вилояти Бадахшон маҳдудияти барқ оғоз шудааст ва масъулони ширкати барқи минтақа сабаби ин маҳдудиятро ҳарорати 35 дараҷа зери сифр ва коҳиши об дар садди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ном мебаранд", - афзудааст манбаъ.

"Мизони оби қобили бардошт барои тавлиди барқ дар ҳар шабонарӯз аз махзани Яшилкӯл байни 150 то 160 миллион метри мукааб аст, аммо дар ин махзан акнун ҳарорати ҳаво 35 дараҷа зери сифр аст, ки муҷиби яхбандону коҳиши оби бардоштӣ мешавад", - гуфтаанд масъулини барқ.

 Бар ин асос мо маҷбур ҳастем, ки дар ҳар шабонарӯз ба бахши хонагии вилояти Бадахшон 14 то 17 соат барқрасонӣ кунем, афзудаанд онҳо.

Агар исроф кунанд...: ҳушдори намояндаи Ҳукумат аз дубора ҷорӣ кардани "лимит"-и барқ

Гуфта мешавад, кам шудани об имкони фаъолияти турбинҳои нерӯгоҳҳои барқи обиро то 80 дарсад фароҳам месозад, ки ин мавзуъ роҳе ба ғайр аз маҳдудияти барқ намегузорад.

Лентаи хабарҳо
0