Самбӯсаҳои "ғайриқонунӣ": милисаҳои Душанбе соҳибкори барқдуздро ошкор карданд

© Sputnik / Амир ИсаевГотовая продукция фабрики ООО "Дилпесанд"
Готовая продукция фабрики ООО Дилпесанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани се ҳолати истифодаи ғайриқонунии барқ аз ҷониби сокинон, аз ҷумла як нафар соҳибкор ошкор кардаанд

ДУШАНБЕ, 26 дек - Sputnik. Бино бар иттилои манбаъ, Файзулло Урозов, сокини шаҳри Душанбе бо роҳи ғайриқонунӣ ва берун аз ҳисобкунак ноқили барқро ба коргоҳи самбӯсапазии ба иҷорагирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Мушфиқӣ насб намудааст.

Ҳамзамон номбурда қоидаҳои бехатариро сарфи назар намуда, инчунин барои пухтани самбӯса аз спиралҳои тафсон истифода карда, бо ин васила ба талафоти барзиёди неруи барқ роҳ додааст.

Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда дар муддати зиёда аз 3 моҳ 11 ҳазору 880 киловатт-соат қувваи барқро ғайриқонунӣ истифода бурда, ба буҷаи давлат зиёда аз 7730 сомонӣ зарар расонидааст.

Лампочка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раиси Суди Олии иқтисодӣ дар Спитамен аз сарфаи барқ гуфт

Манбаъ меафзояд, аввали моҳи декабр танҳо дар  натиҷаи аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе гузаронидани як  санҷиш ду далели истифодаи ғайриқонунии неруи барқ бо зарари зиёда аз 11 000 сомонӣ ошкор карда шуд.

"Шаҳрванд Шодӣ Бобоёров дар манзили иҷорааш, воқеъ дар кӯчаи Мушфиқии ноҳияи Фирдавсӣ неруи барқро берун аз ҳисобкунак истифода бурда, бо ин кирдораш ба буҷаи давлат ба маблағи 3876 сомонӣ зарар расонидааст", - тавзеҳ медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки дар манзили истиқоматии  номбурда қоидаҳои бехатарии насби ноқилҳои барқӣ низ риоя намегарданд, ки ин метавонад ба сар задани ҳодисаҳои нохуш  сабаб гардад.

Инчунин, тавре пегтар хабар дода шуд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ошкор гардид, ки марди 58-солаи сокини деҳаи Зимчуруди ноҳияи Варзоб дар хонаи истиқоматиаш дӯкони оҳангарӣ ва чӯбтарошӣ сохта, бе ҳисобкунаки барқӣ фаъолият доштааст.

Ӯ дар давоми 6 моҳи соли 2020 ба маблағи 7 ҳазору 497 сомонӣ қувваи барқро истифода бурда, ба давлат зарари калон расонидааст.

Нисбат ба  номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 253 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0