Таҷовузи духтараки 12-сола дар Ҳисор: фаъолон ба ҳимояташ бархостанд

© PixabayСерги у девочки, архивное фото
Серги у девочки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пас аз он, ки таҷовузгар ба озодӣ баромад, фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон барои ҳимояи духтараки ҷабрдида аксия роҳандозӣ карданд

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Ба масъалаи таҷовузи кӯдакон дар Тоҷикистон рӯзноманигор Виктория Петрова ва Елена Наҷмиддионва, ташкилкунандаи гурӯҳи TellMeSister, ки ба мубориза бо таъқиб ва зӯроварӣ нигаронида шудааст, аҳамият зоҳир кардаанд.

Занони фаъол аз ҳидисаи пурсарусадое, ки дар Ҳисор шуд, изҳори нигаронӣ кардаанд. Ин ҷо духтараки 12-солаеро хешованди 42-солааш таҷовуз кардааст. Кӯдак аз тарс ба наздиконаш чизе нагуфтаву онҳо танҳо дар бораи ин ҳодиса пеш аз чанд рӯзи таваллуд хабардор шудаанд. Ин ҳодиса танҳо пас аз оне, ки ҳимояи ҷониби ҷабрдида диққати расонаҳоро ҷалб кард, дар додгоҳ баррасӣ гардид. Аммо педофилро аз толори додгоҳ авф кардаву озод  намуданд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от ꧁☬Saodat☬꧂ (@s_khamidovna)

Дар натиҷа аз оилаи ҷабрдида,ҳатто наздиконашон рӯй тофтаву педофил дар озодӣ аст ва зиндагиашро идома медиҳад.

Корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин ҳодиса ба нафрат омада, бо ҳештеги #АдолатБароиШабнам #СправедливостьДляШабнам #JusticeForShabnam. аксия ҷорӣ карданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба духтарак Шабнам ном додаанд, то шахсияти духтарак ошкор нашавад ва ҳаёти бе ин ҳам мушкили вай, мушкилтар нагардад.

Прокуратураи генералӣ тафсилоти таҷовузи фарзандхондҳо аз ҷониби падарашонро нашр кард

 "Ҳатто намедонам ба кӣ "ташаккур" гӯям - қонун, судяҳо ва ё низом? Таашккур, ки ба таҷовузгарон ва педофилҳо роҳ кушодед. Сипос, ки акнун духтари мо худро амн ҳис карда наметавонанд. Сипос, ба волидон нишон додед, ки ба ғайр худи онҳо фарзандонашонро касе ҳимоя намекунад", - сахт гуфтааст дар шабакаҳои иҷтимоӣ Елена Наҷмиддинова.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от @blustock_

"Ба ин ҳодиса беаҳамиятӣ зоҳир кардан, мумкин нест. Кам аст, ки расонаҳо мегӯяд, мо ҳам бояд фориғбол набошем", - иқрор мешавад Виктоия Петрова.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от @abdullaeva_mastura_

"Чаро ҳама хомӯшанд? Магар ин хел мешавад?! Ба ҷои Шабнам метавонист дигар кӯдак бошад", - менависанд корбарон.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от Bakhrom (@bakhrom_kodir_)

Адвокати хонаводаи духтарак ба зинаҳои боло шикояти аппелиатсионӣ бурдааст. Ба духтарак ташкилотҳои ҷамъиятӣ кӯмак мерасонанд. Танҳо ҷои умед мондааст, ки дар пайи доду войи фаъолону шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо ин кор дубора ба дасти додситонҳо мерасад ва ҷинояткор ҷазо мегирад.

Лентаи хабарҳо
0