Заминҷунбии 5-6 -баллӣ дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон: Хуҷандро низ такон дод

© AP / DITA ALANGKARAЦифровой сейсмограф, архивное фото
Цифровой сейсмограф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шиддати заминларза дар қаламрави Ӯзбекистон аз 2 (дар Гулистон, Ҷиззах ва Самарқанд) то 6 балл (дар Фарғона) буд. Сокинони Тошканд заминларзаро бо шиддати 2-3 балл, мардуми Намангон ва Андиҷон 4 балл эҳсос карданд

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Хадамоти матбуоти Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар додааст, ки соати 15:28 ба вақти Тошканд дар марзи ин кишвар бо Қирғизистон заминҷунбӣ рух дод.

Сейсмический график, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистонро заминларза такон дод

Ба иттилои манбаъ, маркази зилзила дар масофаи 238 киллометрии  ҷанубу шарқи Тошканд будааст.

Шиддати заминларза дар қаламрави Ӯзбекистон аз 2 (дар Гулистон, Ҷиззах ва Самарқанд) то 6 балл (дар Фарғона) буд. Сокинони Тошканд заминларзаро бо шиддати 2-3 балл, мардуми Намангон ва Андиҷон 4 балл эҳсос карданд.

Пойгоҳҳои зилзиласанҷии Қирғизистон хабар додаанд, ки заминларза дар маркази он тақрибан 5 дараҷа буд.

Маркази заминларза минтақаи Ботканд дар наздикии марз бо Узбакистон, воқеъ дар деҳаи Пулгон гуфта мешавад. Дар бораи талафот ва харобӣ ҳоло маълумот нест, аммо

Канат Абдуразматов, раҳбари Маркази зилзиласанҷии Қирғизистон гуфтааст, ки бо чунин заминларза тарқишҳо дар хонаҳо имконпазиранд.

Заминларзаро ҳамзамон сокинони ҳаммарзи он кишварҳо аз Тоҷикистон низ ҳис кардаанд.

Хушрӯз Маликов, як сокини шаҳри Хуҷанд дар суҳба бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, шиддати ларзиши заминро сахт эҳсос кард.

"Ман дар роҳ будам хуб эҳсос кардам. Сокинони баландошёнаҳо бештат ҳис карданд",-гуфт, номбурда.

Дар бораи эҳсоси заминҷунбӣ дар шимоли кишвар, ҳамзамон сокинон дар сафҳаҳои фейбук низ хабар додаанд.

Харобиовартарин офатҳои табиии соли 2020 - 24 акси тасхиркунанда

Ёдовар мешавем, ин дуввумин заминларза тайи чанд муддати ахир аст, ки дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон рух медиҳад, ки шиддати онро дар Тоҷикистон низ эҳсос мекунанд.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала