Дар ноҳияи Ишкошим 76 иншооти таъйиноти гуногун сохта мешавад

© Nazir AbbasПамир, архивное фото
Памир, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бино ба гузориши мақомоти вилояти Ишкошим, аз 76 иншооти ба нақша  гирифташуда то имрӯз 31 биною сохтмон ба баҳрабардорӣ расидааст

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ба муносибати 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон бунёди 76 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Строительство медицинского университета Хатлона в Дангаре - Sputnik Тоҷикистон
Сохтмони 7300 иншоот то соли 2021 дар вилояти Хатлон

Арзиши умумии сохтмонҳо 104,8 млн сомониро ташкил медиҳад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар". 

Дар ин бора мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим Вадим Матробов дар  машварати васеи назди раиси ноҳияи Ишкошим, ки  бо ширкати муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Тоҷикистон Муҳаммадҷон Соҳибзода баргузор гардид, хабар дод.

Дар Бадахшон 7 бунгоҳи тиббӣ бунёд мешавад

Гуфта мешавад, ки дар кори машварат масъалаҳои ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар  соли 2020, омодагӣ  ба ҷамъбасти сол ва  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Вадим Матробов дар мавриди омодагии иншооти ҷашнӣ  дар ноҳия гузориш дода, зикр кардааст, ки бунёди иншоот  аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 86,6 млн сомонӣ, буҷети вилоятӣ 2,0 млн сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 395,0 ҳазор сомонӣ, маблағҳои сармояи хориҷӣ 6,6 млн сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои хусусӣ 9,2 млн сомонӣ сохта мешавад.

Зикр гардид, ки айни замон дар 60 адад иншооти  ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ оғоз гардидааст, ки 82,0 фоизи иҷрои нақшаи мазкурро ташкил медиҳад.

Манбаъ афзуда, ки аз 76 иншооти ба нақша  гирифташуда  ба ҳолати имрӯза 31 адади он   мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала