То 30-солагии Истиқлол дар Душанбе макотиби нав бо 57 ҳазор ҷойи нишаст ифтитоҳ мешаванд

Шаҳрдории Душанбе ният дорад, теъдоди муассисаҳои таълимии навбунёд дар пойтахтро то ҷашни 30-солагии Истиқлол ба 32 адад расонад

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, дар 4 соли охир дар шаҳри Душанбе 22 муассисаи таълимии ҷадид мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Мигранты в аэропорту Толмачево в Новосибирске  - Sputnik Тоҷикистон
Зиндаятим: кӯдакони муҳоҷиронро чӣ интизор аст

Манбаъ афзуд, ки муассисаҳои набунёд барои таҳсили беш аз 31 ҳазор талаба дар ду баст пешбинӣ шудаанд.

Ҳукумати Душанбе мегӯяд, дар соли оянда теъдоди муассисаҳои навбунёди таълимиро 10 адади дигар зиёд мекунанд.

“Дар соли 2021, яъне ҷашни 30- солагӣ шумораи бунёди муассисаҳои таълимӣ ба 32 адад ва шумораи ҷойҳои нишаст ба 57 ҳазор дар ду баст расонида мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

Ин дар ҳолест, ки  бо назардошти афзоиши аҳолӣ ҳамасола талабот ба муассисаҳои нави таълимӣ  дар кишвар зиёд мегардад. Бар асоси гузоришҳо дар бархе аз макотиби ҷумҳурӣ теъдоди хонандаҳо дар як синф аз меъёр зиёд аст, ки ин ба раванди дарсу сифати таълим низ хала ворид мекунад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала