Дар Тоҷикистон дар бораи Эмомалӣ Раҳмон филми мустанад меофаранд

Муассисаи "Тоҷикфилм" ба нақша гирифтааст, дар соли 2021 якчанд филми мустанад, азҷумла дар бораи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон филм офарад

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Муассиса ҳамчунин барои ба навор гирифтани филми таърихии "Шоҳ Исмоили Сомонӣ" миёни филмноманависон озмун эълон карданист, гузориш медиҳад "Ховар".

Беҳтарин филмноманависонро ҷоиза интизор аст.

Соҳибкор ва сиёсатмадори тоҷик дар бораи Эмомалӣ Раҳмон китоб навиштанд

Ҳамчунин муассиса дар бораи даврони соҳибистиқлолӣ филми мустанад бо номи "Тоҷикистон" ба навор мегирад.

Филм дар бораи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили 30-солагии истиқлол пешниҳоди бинандагон хоҳад шуд.

"Соли 2021  таҳияи филмҳои мустанад дар мавзӯъҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, фаъолияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ва бемории сироятии коронавирус   Сovid-19 дар назар дошта шуда, то ҷашни миллӣ онҳо  пешниҳоди бинандагон мегарданд", - омадааст дар иттилоия.

Соҳибкор ва дипломат дар бораи Эмомалӣ Раҳмон китоб навиштанд

"Тоҷикфилм" дар соли 2020 филми анитматсионии "Алифбо"-ро дар ҳаҷми 88 дақиқа  омода кардааст, ки баъди ба эътидол омадани вазъи вобаста бо коронавирус нахустнамоиши он баргузор хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала