Мессӣ аз марги худ ва фавти Марадона гуфт

Лионел Месси, сарвони 33-солаи аргентинии бошгоҳи “Барселона” дар як мусоҳибаи худ тариқи шабакаи телевизионии Испания La Sexta ба савол дар бораи марги худу фавти Марадона посух дод

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Мессӣ дар ин суҳбат гуфт, эй кош маросими дафни ман мисли маросими хайрбоди Марадона сурат гирад.

Диего Марадона - Sputnik Тоҷикистон
Диего Марадона - номвартарин ситораи ҷаҳонии футбол даргузашт: 61 сол дошт

Ба суол, ки оё дар бораи марги худ фикр мекунед, Мессӣ гуфт не, не ман дар ин бора фикр намекунам ва ҳатто намехоҳам дар ин мавзӯъ сухан кунам, навиштааст сомонаи телевизиони “Варзиш”.  

Дар мавриди шеваи огоҳияш аз марги Марадона гуфтааст, ки падараш ба ӯ хабар дод.

“Падарам ин хабари шумро ба ман расонд, замоне, ки ман дар хона будам. Баъдан хабарҳоро тариқи телевизион пайгирӣ кардам. Ҳеҷ кас ба ин ҳодиса бовар накард, аз ҷумла ман”, - изҳор доштаст Мессӣ.

Мессӣ илова намуд, ки бовар дошт, дар бозӣ ба муқобили "Осасуна" гол мезанад ва ин голро, ки баъди чор рӯзи марги Марадона ба ҳадаф расидааст, ба хотири ӯ бахшидааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала