Садамаҳои маргбор дар роҳҳои Душанбе ду кушта бар ҷой гузошт

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкАвтомобили после столкновения, архивное фото
Автомобили после столкновения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ду садамаи маргбор дар роҳҳои Душанбе хабар медиҳад, ки дар паи он

ДУШАНБЕ, 29 дек – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, садамаи аввал рӯзи 28-уми декабр тахминан соати 07:20 рух додааст.

Иттилоъ дода мешавад, ки ронандаи худрави тамғаи "Равон-Нексиа Р-24", Исматов Азамшо Абдумаликович, сокини 53-солаи шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Шевченко ба самти кӯчаи С. Шерозии пойтахт дар давродаври кӯчаҳои С. Айнӣ-Назаршоев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори марказии давродаври роҳ бархӯрдааст. 

Детская игрушка возле дороги - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи маргбор: Ғафурҷон бо "Дамас"-аш Ҷаъфарбеки хурдсолро пахш карду гурехт

Дар натиҷа, ронанда Исматов А.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Инчунин, дирӯз, соати 14:05, ронандаи худрави тамғаи "Лексус LX-570", Шомирзоев Камол Каримович, сокини 41-солаи Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Коргари пойтахт аз самти кӯчаи А. Каҳҳоров ба самти кӯчаи Кари Манн, аз уҳдаи идораи воситаи наклиёт набаромада, ба худрави "Хундай Соната", бархӯрдааст.

Ин худрав таҳти идораи ронанда, Қаландаров Абубакр Абубакрович, сокини 22-солаи сокини Душанбе буд.

Ҳалокати ноболиғ дар садамаи маргбори шабона дар пеши "Боғи ҳайвонот"-и Душанбе

Дар натиҷа, ронандаи худрави тамғаи "Хундай Соната" Қаландаров А.А. ва мусофирони дохили худрав, Маҳмудова Маҳина Наҷмидиновна, соли таваллудаш 1995 ва хурдсол Раҳматуллозода Давлатмоҳ, соли таваллудаш 2020, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, хурдсол Раҳматуллозода Д. дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ҳодисоти мазкур таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0